Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич иттиҳомоти додситонҳоро рад кард


Радован Караҷич, раҳбари сербҳои боснӣ, ки ба наслкушӣ муттаҳам мешавад, тамоми иттиҳомоти додситонҳо алайҳи худро беасос хонд. Дар идомаи муҳокимааш дар Додгоҳи Созмони Милал дар Гаага, Радован Караҷич гуфт, ба ҷойи муҳокима бояд ба ӯ барои талошҳояш дар роҳи таҳкими сулҳ аҳсан бигӯянд. Фармондеҳи собиқи сербҳои боснӣ аз ҷумла ба қатли 8 ҳазор мард ва ҷавонони мусулмон дар маҳаллаи Сребренитса муттаҳам мешавад. Ин ҳодиса соли 1995 рух дода буд. Муҳокимаи Радован Караҷич соли 2009 шурӯъ шуд, вале баъди даъвоҳои у алайҳи додситонҳои Созмони Милал дар муҳокима таннафус эълом карданд. Раҳбари пешини сербҳои босниро баъди 13 соли фирор соли 2008 дастгир карданд. Уро ба ҷиноятҳои зиёди ҷангӣ дар солҳои ҷанги Босния ва Ҳерзеговина дар солҳои 1992 то 95 муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG