Иттиҳодияи Аврупо бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон рузи душанбе алайҳи ин кишвар таҳримоти нав эъмол кард. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, то Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад, ки ба эътиқоди кишварҳои ғарбӣ як ҳадафи он метавонад, сохти бомби атомӣ бошад. Бар асоси таҳримоти нави Иттиҳодияи Аврупо моликияти 34 муассиса ва як фарди алоҳидаи эронӣ масдуд мешавад ва онҳо ҳаққи сафар ба кишварҳои узви иттиҳодия нахоҳанд дошт. Ҳамчунин, хариди гази Эрон ва муомилот бо бонкҳои ин кишвар мамнӯъ мешавад, ба истиснои муомилот барои кӯмакҳои башарӣ, хариди маводи ғизоӣ ва доруворӣ. Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо баъди эъмоли ин таҳримот гуфт:"Мо азм дорем, ки буҳрони барномаҳои атомии Эронро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунем ва умед мебандем, ки Эрон пешниҳодоти моро ҷиддӣ мегирад." Эрон мегуяд, ҳадафи барномаҳои атомиаш сулҳомез аст ва қасди сохтани бомби атомӣ надорад.