Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Шумо: Ба саломатии худ аҳамият медиҳед?


Ақли солим дар тани солим гуфтаанд ва инсонҳо бо гунаҳои мухталиф барои ҳифзи саломатии хеш талош мекунанд.

Яке мегӯяд, ки барои ҳифзи саломатии худ бештар пиёда ҳаракат мекунад, зеро вақте инсон роҳ меравад, ин ба мушакҳои инсон ва узвҳои дигари бадан таъсири мусбат мерасонад.

Бархе ҳам истеъмоли ғизоҳои муқаввӣ ва саргармӣ бо навъе аз варзишро барои ҳифзи саломатӣ муфид медонанд.

Дар ин миён ҳастанд афроде, ки барои ҳифзи саломатии худ ба табибон муроҷиат карда, тибқи маслиҳати онҳо амал мекунанд. Бархе ҳам риоя кардани ҳолатҳои санитариро муҳим медонанд ва аз тановули меваву сабзавоти ношуста ва хӯрдани оби ноҷӯшида, ҳамеша ҳазар мекунанд.

Пиронсолон бошанд, дар маҷмӯъ варзиш намекунанд ва мегӯянд, барои саломатии худро нигоҳ доштан бештар ба истироҳат ниёз доранд ва ба мутолиаи китоб машғул мешаванд.

Аммо Шумо чӣ, корбарони азиз, оё ба ҳифзи саломатии худ аҳамият медиҳед? Агар бале, пас ба кадом роҳ ва агар не, пас ба чӣ далел?

Ба саломатии худ аҳамият медиҳед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG