Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, нисбат ба ҳамлаи низомӣ ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, ин иқдом ба маънои поён додан ба раванди музокирот дар мавриди барномаи ҳастаии Теҳрон аст.
Лавров дар идома афзуд, "ба таври доимӣ таҳдидҳоеро мешунавем, ки агар дар барномаи ҳастаии Эрон пешрафте ҳосил нашавад, танҳо интихобе, ки боқӣ мемонад, истифода аз зӯр аст. Умедворем, ин амр ҳаргиз иттифоқ наафтад."
Бино ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Сергей Лавров овозаҳои "ваҳшатофарин" дар мавриди ҳамла ба Эронро мавриди интиқод қарор дода ва гуфтааст, "нисбат ба кашидани чунин сенарияҳои ваҳшатноке дар муноқишаи Эрону Исроил ҳушдор медиҳам."
Вазири умури хориҷии Русия, ки то кунун чандин бор дар робита ба ҳамлаи Исроил ба Эрон ҳушдор додаааст, таъкид карда, ки миёни ҳама тарафҳои даргир дар барномаи ҳастаии Эрон бояд гуфтугӯ барқарор шавад. Ӯ, ки дар Маскав бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, умедвор аст, ҳеҷ бархӯрде миёни Исроил ва Эрон сурат нагирад. Чаро ки, ба гуфтаи ӯ, ин бархӯрд роҳи кӯтоҳтарин барои беасар кардани талошҳоест, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон анҷом шудааст.
Бо ин ҳол, вазири умури хориҷии Русия гуфт, давраи дигаре аз музокироти гурӯҳи шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон баргузор хоҳад шуд. “Пешниҳодҳое матраҳ аст, аз ҷумла аз ҷониби Русия, ки ин умедро медиҳад, ки роҳи берунрафт аз ин бунбаст пайдо шавад”,-илова кард ӯ. Ба гузориши Интерфакс, Лавров изҳор дошт, дар пешниҳоди Русия ҳаққи Эрон барои ғанисозӣ ба расмият шинохта мешавад, ба шарте ки Теҳрон ба пурсишҳои МАГАТЭ посух гӯяд.
Ба гуфтаи Ларов, Эрон ва МАГАТЭ барнома доранд, ки дар ояндаи наздик барои ҳаллу фасли масоил бо якдигар дар тамос бошанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки хоҳони кашидани хатти сурх барои Эрон аст, борҳо гуфта, ки кишвараш ҳаққи худ медонад, барои ҷилавгирӣ аз атомӣ шудани Эрон даст ба иқдом занад. Аммо давлати Барак Обама, ки таҳримҳои сангинеро дар муқобили Эрон ҷорӣ кардааст, мегӯяд, ҳанӯз барои ҳалли ин мушкил аз роҳи дипломатӣ фурсат ҳаст ва таҳримҳоро дар тағйири роҳи Эрон муассир медонад.