Ҳамлаи афғонҳои низомипӯш болои сарбозони хориҷӣ сабаб нахоҳад шуд, нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF), ки зери раҳбарии паймони НАТО қарор доранд, аз иҷрои вазифаҳояшон дар Афғонистон даст кашанд.
Ин нуктаро рӯзи чоршанбе, 10-уми октябр, дар поёни нишасти дурӯзаи вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Брюссел, дабири кулли ин паймон -- Андерс Фог Расмуссен ва вазири дифои Амрико -- Леон Панетта иброз доштанд.
Ба иттилои онҳо ҳамлаҳои низомиёни афғон ва ё афроди либоси низомии артиши Афғонистон, танҳо соли ҷорӣ ҳаёти 50 низомии хориҷии мустақар дар Афғонистонро аз байн бурда, нигарониеро ба вуҷуд овард, ки дар кишварҳои узви НАТО пуштибонии мардум аз амалиёт дар Афғонистон коҳиш меёбад. Дабири кулли НАТО мегӯяд, паймон иҷоза нахоҳад дод, ки ҷангҷӯён эътимод миёни нерӯҳои байналмилалӣ ва мардуми афғонро барҳам зананд: “Душманони Афғонистон ҳамлаҳои дохилиро бо ҳадафи аз байн бурдани эътимоди мардумӣ истифода мебаранд. Аммо ин амал ноком хоҳад шуд. Мо ба душман имкон намедиҳем, стратегияи моро тағйир дода, эътимодеро, ки мо ба даст овардаем, барҳам занад."
Ба қавли Расмуссен аксари мардуми афғон дар маҳаллаҳое ба сар мебаранд, ки дар он назму субот устувор аст. Ӯ афзуд, 80 дарсади ҳамлаи душманон дар ҷойҳое ба амал меоянд, ки ҳамагӣ 20 дарсади мардуми афғон иқомат дорад. Дар навбати худ вазири дифои Иёлоти Муттаҳида гуфт, аъзои НАТО чораҳои зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои дохилиро андешидаанд: “Ҳар тактикае, ки душман дар муқобили мо истифода мебарад - ҳамлаҳои дохилӣ ва ё мошинҳои саршор аз маводи мунфаҷир, нахоҳад тавонист, моро аз коршарикони афғонамон дур кунад ва мо имкон намедиҳем, ки ин ҳамлаҳо моро аз иҷрои ӯҳдадориҳоямон канор кашад.”
Вазири дифои Амрико ёдовар шуд, ки кишвараш шумори бузурги гурӯҳҳои тамриндиҳандаро ба Афғонистон фиристодааст ва интизор дорад, ки аъзои дигари паймон ҳам ба ин ташаббус ҳамроҳ мешаванд.
Ба қавли Панетта, гурӯҳҳои тамриндиҳанда дар таълими нерӯҳои афғон хеле муҳим мебошанд, зеро онҳо бояд то охири соли 2014-ум, вақте нерӯҳои НАТО аз Афғонистон берун мешаванд, ба таъмини амнияти саросари Афғонистон қодир бошанд.
Ба қавли Панетта агар кишварҳои узви НАТО ба Афғонистон ҳадди ақал 60 гурӯҳи тамриндиҳанда фиристанд, шумораи умумии ин гурӯҳҳо ба 465 мерасад.