Вакили дифои Сайфулислом Қаззофӣ, писари раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ, ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ҳушдор дод, ки ҳама гуна мурофиаи додгоҳии Сайфулислом дар Либия зарбаи ҷиддӣ ба нуфузу эътибори Додгоҳи Ҳейг хоҳад буд. Мелинда Тейлор изҳор намуд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии Сайфулислом Қаззофӣ дар Либия ба интиқом табдил хоҳад ёфт.
Хонум Тейлор имрӯз дар нишасти коллегияи Додгоҳи Ҳейг суханронӣ кард. Дар ин нишаст бояд макони баргузории мурофиаи додгоҳии Сайфулислом Қаззофӣ мушаххас карда шавад.
Сайфулислом Қаззофӣ, ки ҷойгузини падараш дар мақоми раҳбари Либия маҳсуб мешуд, моҳи ноябри соли гузашта дар ҷануби Либия дастгир шуда буд.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ӯро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мекунад. Мақомоти Либия барои муҷозоти писари Қаззофӣ дар худи кишвар пойфишорӣ доранд.