Ба гуфтаи масъулони "Тоҷикфилм", ин дастгоҳи нав ҳудуди 200 ҳазор евро арзиш дошта, аз беҳтарин дастгоҳҳои наворбардорӣ дониста мешавад, ки дар Ҳолливуду Болливуд бо он филмбардорӣ мекунанд.
Орзу Исоев, роҳбари Итиҳодияи эҷодии филмҳои мустанади "Тоҷикфилм", мегӯяд, дар бист соли охир тамоми филмҳоеро, ки "Тоҷикфилм" ба навор мегирифт, тариқи дастгоҳҳои наворбардории телевизионӣ сабт мегаштанд. Орзу гуфт: "Баъд аз харидории ин дастгоҳ, аллакай як филмномаи ҷолиб барои таҳия шудан пешниҳод шудааст, бо номи "Оинаҳои беҷило". Ҳоло дар андешаи пайдо кардани сармоя ва ҷалби ҳунармандон барои сабти ин филми ҳунарӣ ҳастем. Умедворем, дар рӯзҳои наздик сабти ин филм, ки коргардонияшро Носир Саидов ба дӯш дорад, оғоз мешавад.»
Орзу Исоев афзуд, филми «Оинаи беҷило» бояд беҳтар аз филми «Қиёми рӯз»-и коргардон Носир Саидов бошад, ки чандин ҷоизаҳоро дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиб шуд. «Қиёми рӯз» нахустин филме аст, ки дар 18 соли ахир дар кишвар мутобиқ ба меърҳои байналмиаллӣ таҳия гашт. Зимнан, филми мустанади офаридаи Носир Саидов «Ваҳшати ҷанг», ки ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад низ, ахиран барои ширкат дар ҷашнвоари байналмилалии филмҳои мустанад, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, пешниҳод шудааст. Ва муаллифони филм то ҳадде ба мувваффақияти он дар ҷашнвораи мазкур бовар доранд. Дар ҳамин ҳол, Орзӯ Исоев мегӯяд: "Тоҷикфилм» ҳамакнун наворгирии силсилфилмҳои мустанадеро шурӯъ кардааст, ки вижагиҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва қавмиву маҳаллии шаҳру навоҳии мухталифи кишварро намоиш медиҳад."
Гуфта мешавад ин филмҳо, ки бо забони тоҷикӣ ва сатри равонӣ русӣ таҳия мегардад, бо ҳадафи муаррифии Тоҷикистон бардошта мешаванд. Орзӯ Исоев афзуд: «Мо мехоҳем, ба таъриху фарҳанг ва рӯзгори мардуми тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар алоҳидагӣ назар афканем. Мо мақсад дорем дар асоси ҳамин филмҳо, инфраструктураи кишварамон рӯ ба беҳбудӣ биёрад ва ба хотири қабули сайёҳон беҳтар гардад. Мо бо мақомоти маҳаллҳо мувофиқа намудем, ки чанд нусхаи филми таҳия шуда ба онҳо дода мешавад, то ин ки онҳо тавонанд ин филмро ба меҳмонони хориҷӣ тӯҳфа намоянд. Яъне, ҳадафи мо рушди риштаи туризм тавассути ин филмҳои мустанад аст.»
Гуфтанист, таҳияи филмҳои мазкур, дар доираи барномаҳои киностудия барои солҳои 2012-2013 сурат мегирад ва то охири соли оянда таҳияи 13 филми ҳуҷҷатӣ дар назар аст.