Оташи мутақобил ва дуҷонибаи Туркия ва Сурия дар манотиқи марзӣ, рӯзи шанбе низ идома дошт.
Дар ҳамин ҳол Леон Панетта, вазири дифои Амрико рӯзи шанбе ҳушдор дод, даргириҳои низомии Сурия ва Туркия мумкин аст ба дохили марзҳои ду кишвар густариш ёбад.
Панетта, ки дар ҷараёни дидораш аз Перу сухан мегуфт, эълом кард, ки Вошингтон аз робитаҳои дипломатии худ истифода мекунад, то даргириҳои Туркия ва Сурия боло нагирад.
Дар ҳамин ҳол Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи шанбе гуфт, сиёсати Туркия посух ба оташи Сурия алайҳи кишвараш аст.
Довудоғлу афзуд, ки «иҷозати парлумони Туркия барои амалиёти бурунмарзии низомӣ, бо ҳадафи боз доштани таҷовузи хориҷӣ ба Туркия будааст.»
Довудоғлу гуфт, Сурия ин паёмро дарёфт кард ва мо тасмим дорем аз худ дифоъ кунем. Нерӯҳои давлатии Сурия Туркияро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд ва ҳамзамон талош доранд то манотиқи марзиро, ки дар контроли мухолифон қарор дорад, аз дасти онҳо хориҷ кунанд.
Даргириҳои марзӣ миёни ду кишвар, ки панҷумин рӯзи худро пушти сар мегузорад, пас аз он шиддат гирифт, ки шуморе аз гулӯла ва хумпораҳо чаҳоршанбеи гузашта деҳкадаҳоеро дар хоки Туркия ҳадаф дода, панҷ нафарро кушт.