Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон раҳпаймоии эътирозиро сарварӣ мекунад


Имрон Хон, сиёсатмадори покистонӣ ва дар гузашта яке аз бозингарони маъруфи крикет, раҳпаймоии эътирозӣ аз Исломобод то минтақаи Вазиристони ҷанубӣ алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро сарварӣ мекунад. Имрон Хон ва дигар созмондиҳандагони ин раҳпаймоӣ мегӯянд, ки бар асари зарбаҳои ин ҳавопаймоҳо теъдоди зиёди мардуми осоишта кушта мешавад.

Мақомоти расмии Покистон низ ин зарбаҳоро маҳкум мекунанд ва онро “нақзи истиқлолияти кишвар” мехонанд.

Аммо мақомоти низомии ИМА мутмаинанд, ки ин зарбаҳо дар мубориза бо афроди мусаллаҳи мустақар дар марзи миёни Покистону Афғонистон ногузиранд ва дар онҳо асосан толибон ва аъзои дигар гурӯҳҳои ифротӣ ҳадаф қарор мегиранд.

Ба ин раҳпаймоӣ, ки қарор аст ду рӯз идома кунад, даҳҳо фаъолони зиддиҷанг аз ИМА ва Бритониё низ ҳамроҳ мешаванд. Мақомоти Покистон аз он ҳарос доранд, ки раҳпаёмоён мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ қаро мегиранд.
XS
SM
MD
LG