Бритониё мубаллиғи ифротгаро Абӯ Ҳамза ал-Масрӣ ва чаҳор нафари дигари гумонбар дар терроризмро ба ИМА истирдод кард. Бар пояи хабарҳо, онҳо аз маҳбас дар маркази Англия ба пойгоҳи низомӣ ва аз он ҷо дар ду ҳавопаймо ба ИМА интиқол ёфтанд.
Рӯзи ҷумъа Додгоҳи олии Лондон дар бораи истирдоди Абу Ҳамза тасмими ниҳоӣ гирифт ва қарор кард, ки ин тасмим метавонад фавран иҷро шавад.
Мақомоти ИМА Абӯ Ҳамзаро дар талоши ташкили пойгоҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида” дар аёлати Орегон ва кӯмак ба гурӯҳҳои террористӣ дар Яман айбдор мекунанд.