Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Туркия сӯи Сурия оташи ҷавобӣ кушоданд


Низояиёни турк дар марз бо Сурия
Низояиёни турк дар марз бо Сурия
Низомиёни Туркия рӯзи шанбе ба қаламрави Сурия аз тӯпхона оташи ҷавобӣ кушоданд. Аз ин пеш дар канори як деҳаи туркӣ гулулае инфиҷор шуд, ки аз ҷониби Сурия андохта шуда буд. Рӯзи ҷумъа низ ҳамин гуна ҳодиса ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Тирборони қаламрави Туркия чаҳор рӯз боз идома дорад, зеро даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар марз бо ин кишвари ҳамсоя сурат мегиранд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, ки кишвараш нияти шурӯи ҷангро надорад, аммо рӯзе тоқаташ тоқ хоҳад шуд. "Ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд Туркияро тарсонанд, то куҷо қатъӣ буданаш ё имконияташро биозмоянд, изҳор мекунам – шумо иштибоҳи марговар мекунед!"-гуфт нахуствазири Туркия.

Рӯзи панҷшанбе Шӯрои амнияти СММ Димишқро барои тирборони маҳаллаҳои марзии Туркия, ки бар асари он 5 нафар, аз ҷумла, се кӯдак ба ҳалокат расиданд, шадидан маҳкум кард. Аз ин пеш парлумони Туркия ба артиш барои доир намудани амалиёти низомӣ дар хориҷи кишвар ба хотири дифоъ аз марзу мардуми осошта иҷоза дода буд.
XS
SM
MD
LG