Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаззини масҷидро 280 сомонӣ ҷарима бастанд


Масҷиди марказии Душанбе
Масҷиди марказии Душанбе
Муаззини масҷиди марказии Душанберо бо ҷурми поймол кардани Қонуни масъулияти волидайн 280 сомонӣ ҷарима бастаанд. Мақомот ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки Адашхон Истадзода дар рӯзи ниҳоии моҳи Рамазон ба ҳузури беш аз 30 ноболиғ дар намози ин масҷид роҳ додааст. Адашхон Истадзода ба гуноҳаш эътироф кард, вале гуфт, назорати синни намозгузорон масъулияти муаззин нест. Қонуни масъулияти волидайн ҳузури ноболиғон дар намозҳои масоҷиди Тоҷикистонро манъ мекунад. Диндорон ин тақозоро нақзи озодиҳои мазҳабӣ мешуморанд.
XS
SM
MD
LG