Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

39 фоизи аҳолӣ зери хатти фақр боқӣ мемонад


Мақомоти вазорати иқтисоди Тоҷикистон ба Tjinform гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 39 дарсади аҳолии кишвар дар зери хатти фақр ба сар мебарад. Ба гуфтаи ин манобеъ, сатҳи фақр дар кишвар батадриҷ коҳиш меёбад, чунки таҳқиқоти дар поёни соли 2011 анҷомшуда шумори қишри камбизоатро 42 фоиз баровард карда буд. Ба шумори мардуми фақир онҳое дохил мешаванд, ки сатҳи даромади рӯзонаи ҳар узви хонаводаашон камтар аз 1 доллари амрикоист. Тибқи оморҳо, дар поёни асри 20 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр қарор дошт.
XS
SM
MD
LG