Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ширкаткунандагони тазоҳуроти марбут ба кони тилои Кумтор дар Бишкек, ки ба ошӯб ва талоши ишғоли бинои порлумон табдил ёфт, аз паёмак ё SMS–ҳо сар шудааст.
Аз субҳи рӯзи душанбе ба телефони ҳазорон нафар паёмак омад, ки дар он гуфта мешуд: “Кумтор бояд барои қирғизҳо кор кунад. Хасисӣ накун ва ба хотири наслҳои оянда ин SMS-ро ба 7 нафари дигар бифирист.” Дар паёмак ҳамчунин даъват мешуд, ки ҳама ба майдон бароянд ва миллӣ кардани корхонаи тилои “Кумтор”-ро талаб кунанд.
Бо вуҷуди он ки дар Қирғизистон ҳар моҳ чанд митингу тазоҳурот ба амал меояд, ин аввалин бор буд, ки мардум ба он ба воситаи SMS даъват мешуд. Ташаббускори тазоҳурот, сардори ҷиноҳи ҳизби “Ота Ҷурт” Содир Ҷабборов даст доштани худро дар ин паёмакҳо рад кард: “Ман дар бораи SMS-ҳо чизе намедонам. Ман одамонро ба воситаи телевизион ва радио ба тазоҳурот даъват кардам. Масъала танҳо марбути Кумтор аст ва ягон сиёсате дар он нест. Паёмакҳоро бошад, шояд ҳамақидаҳои мо фиристодаанд. Дар Қирғизистон ба ғайр аз мо ватандӯстон ҳанӯз зиёданд.”
Талоши хабарнигорони Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба ёфтани муаллифони паёмакҳо натиҷа надод. Шумораҳое, ки паёмакҳо аз онҳо фиристода шудаанд, вуҷуд надоранд. Ҳоло мақомоти интизомӣ талош доранд, муаллифони шумораҳои хомӯшшударо пайдо кунанд. Намояндаи дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии шаҳри Бишкек Нургул Нусупова мегӯяд: “Ниҳодҳои қудратӣ ба омӯзиши ин падида машғуланд. Вале дар паёмакҳо даъват ба зӯроварӣ ё таҳдид ба амният дида намешавад. Ин фақат даъватнома барои ширкат дар тазоҳуроти боиҷоза аст.”
Тавре дида шуд, ин тазоҳурот ба хушунат печид. Тафсилоти он дар матлаби "Ота Ҷурт" дар Бишкек шӯриш ташкил кард".
Бо вуҷуди даъватҳои зиёд бархе аз нерӯҳои сиёсӣ ва махсусан ҷавонон аз ширкат дар ин тазоҳурот худдорӣ карданд, зеро онро ба шахси Содир Ҷабборов рабт доданд, ки акнун додситонӣ роҷеъ ба як муомилаи тиҷоратии ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Раҳбари ҷунбиши “Барои ҳифзи Қирғизистон” Мукар Чолпонбоев тахмин мезанад, ки ин тазоҳурот бюа як “бозии сиёсӣ” табдил ёфтааст: “Аслан масъалагузорӣ дар бораи Кумтор дуруст аст, вале дар паси тазоҳуроти Ҷабборов нерӯҳои дигари сиёсӣ истодаанд. Ин чиз маълум аст ва биноан, мо аз ширкат дар он даст кашидем.”
Тазоҳурот дар ҳоле ба амал омад, ки як ҳайтаи махсуси давлатӣ ба омӯзиши фаъолияти “Кумтор” машғул аст. Бино бар гуфтаи раҳбари он, вазири иқтисодиёт ва сиёсати зиддимонополӣ Темур Сариев, ташхиси иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ омода буда, навбат ба пажӯҳиши зистмуҳитӣ расидааст, ки вақт мегирад.
Аммо сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев дар ҷаласаи ҳукумат ҳафтаи гузашта ва ҳангоми сафараш ба кони тилои "Кумтор" гуфт, миллӣ шудани ин корхона ғайриқобили қабул аст. "Кумтор" корхонаи муштараки Канада ва Қирғизистон буда, солона 26 тонна тило ва 90 тонна нуқра истеҳсол мекунад ва ҳаққи Қирғизистон дар он 33 дарсадро ташкил медиҳад.