Феълан Заур Қурбонлӣ ба муддати 15 рӯз аз озодӣ маҳрум шудааст, вале ҳомиёни ҳуқуқ хавф доранд, ки дар ин байн барои ӯ ҷурми вазнинтаре пайдо хоҳанд кард.
Заур Қурбонлӣ 25 сол дошта, бо танқиди ҳукумат ном баровардааст. Моҳи май вақте дар Боку озмуни Eurovision доир шуд, ӯ як маъракаи ҷамъиятӣ зери унвони “Ба хотири демократия тарона хонед!” ташкил карда буд, ки ба шарофати он барандаи озмуни имсола овозхони шведӣ Лорин поймолшавии ҳуқуқи башар дар Озарбойҷонро мавриди танқид қарор дод.
Ахиран Қурбонлӣ блоге навишта, як шеър дар китобҳои дарсии Озарбойҷонро, ки ба собиқ президенти ин кишвар Ҳайдар Алиев бахшида шудааст, танқид кард. Шеър Марсия ном дошта, онро Лайло духтари президенти кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи падарбузургаш эҷод намудааст. Қурбонлӣ дар блоги худ менависад: “Ин шеъри духтари диктатор аст. Тавассути он мағзи сари кӯдаконамонро заҳролуд мекунанд. Мо бояд бар зидди ин шеър ҳадди имкон садо баланд кунем.”
Ҳамчунон Қурбонлӣ маъракаи овоздиҳӣ ба тарафдорӣ аз барканоршавии президент Илҳом Алиев дар интихоботи президентии соли 2013-умро раҳандозӣ кардааст.Созмони ҷавонон бо номи Нидо, ки Қурбонлӣ узви фаъоли он аст, варақаҳои тарғиботӣ нашр намудааст, ки дар он акси шабеҳи Илҳом Алиев ҷойгир шудаву дар зери он мехонем: “Агар шумо ба созмони Нидо шомил шавед, ман дар соли 2013-ум барканор мешавам!”
Ба назар мерасад, ки мақомоти Озарбойҷон аз ин ташаббусҳои Қурбонлӣ сер шудаанд. Рӯзи 29-уми сентябр афсарон бо либоси мулкӣ, ки худро кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил номидаанд, дар назди қароргоҳи созмони Нидо дар шаҳри Боку Қурбонлиро боздошт намуданд. Сипас онҳо қароргоҳро кофтукоб намуда, варақаҳои интихоботи соли 2013-ум ва дигар асноди Нидоро мусодира кардаанд. Баъди ду рӯз, яъне якуми октябр вакили мудофиа имкон пайдо кард, бо Қурбонлӣ вохӯрад.
Полис Қурбонлиро бо муқовимат ба намояндаи ҳукумат муттаҳам карда, ба муддати 15 рӯз аз озодӣ маҳрум намудааст. Ба қавли намоядаи вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон, дар дафтари кории Қурбонлӣ санадҳо ва маводи ғайриқонуни ёфт шудааст.
Аммо созмони Нидо ҳабси Қурбонлиро кӯшиши бастани даҳони танқидкунандагон меномад. Намояндаи Нидо Турқут Қамбар мегӯяд: “Мақомот мехоҳанд созмони ҷавононро, ки бо онҳо иттифоқ набастааст, тарсонанд. Мақомот мехоҳанд дар дили мардуми мустақил ҳаросро ворид кунанд.”
Вакили мудофиаи Қурбонлӣ Асҳобалӣ Мустафоев мегӯяд, ӯ саъй дорад, ки мӯҳлати боздошти фарди зери ҳимояаш аз 15 рӯз бештар набошад. Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ҳабси Қурбонлиро маҳкум намуда, хотирнишон кардааст, ки мақомоти Озарбойҷон боздошти 15-рӯзаро барои таҳияи парвандаи вазнинтар истифода мебаранд.
Дар соли 2009-ум мақомоти Озарбойҷон ду блогнависи мустақилро бо баҳонаи задухӯрд дар ресторан, якеро ба муддати ду сол ва дигареро ба муддати дувуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аммо ба ақидаи шореҳон, гуноҳи аслии Эмин Миллӣ ва Аднон Ҳоҷизода ин буд, ки онҳо ниқоби хар бар рӯй кашида, дар наворҳои видео нишасти матбуотӣ барпо мекарданд. Онҳо баъди 17 моҳи ҳабс аз зиндон раҳо шуданд.