Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 19 кас бар асари суқути ҳавопаймои непалӣ


Ҳавопаймои сарнагуншуда дар канори шаҳри Катмандуи Непал
Ҳавопаймои сарнагуншуда дар канори шаҳри Катмандуи Непал
Ҳавопаймои озими минтақаи Эверест дар канори шаҳри Катмандуи Непал ба замин бархӯрд. Дар натиҷа 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба қавли мансабдорон ҳавопаймои ширкати Сита Эйр ҳавопаймои дорои ду муҳаррик ҳамагӣ чанд дақиқа дар ҳаво буд.
Ратиш Чандра Лол Суман маъмури фурудгоҳи байналмилалии Непал мегӯяд:
Ҳама афроди дохили ҳавопаймо-19 нафар. Яъне 16 мусофир ва 3 узви экипаж ҳалок шудаанд. Таҳқиқ ҷараён дорад.”
Ба гуфти мақомот қурбониҳо 7 шаҳрванди Британия, 5 шаҳрванди Чин ва 7 нафар непалӣ будаанд.
Аз соли 1949 ба ин тараф дар Непал 474 тасодуми ҳавопаймо ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин ҳодисаҳо камаш 700 нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG