Додрасҳои додгоҳи шаҳри Исфара, ба раҳбарии Алиҷон Маҳмудов, баррасии парвандаи вакили Маҷлиси Бодканди Қирғизистон, Икром Сиддиқовро, ки дар қочоқи симоби сурх муттаҳам мешавад, оғоз кардаанд. Ин муҳокимаи додгоҳӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси шаҳри Бодканди Қирғизистон аз додгоҳи Исфара хостаанд, Икром Сиддиқовро бо риояи ҳаққи дахлнопазирияш аз боздошт раҳо кунанд. Икром Сиддиқов ду моҳи пеш зимни қочоқи 90 кило симоби сурх аз сӯи пулиси Тоҷикистон дар шаҳри Исфара боздошт шуда буд. Дар ин кор, ба гуфтаи мақомот, Сиддиқовро як шаҳрванди дигари Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Мақомоти интизомии Суғд онҳоро "гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ" номидаанд.
Абдураҳмон Тӯраев, вакили мудофеи ҷаноби Сиддиқов рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилон (депутатҳо)-и қирғиз ба хотири раҳо кардани нафари таҳти ҳимояташ то замони бекор кардани ҳаққи дахлнопазирии ӯ ба мақомоти мухталифи Тоҷикистон муроҷиат карда, вале посухи мусбат дарёфт накардаанд. Тӯраев афзуд, дар ҳоли ҳозир ӯву зерҳимояаш аз додгоҳ ташхис ё экспертизаи дақиқи симоби аз ӯ дарёфт ва мусодирашударо талаб кардаанд.
Ба бовари ин вакили мудофеъ, ташхиси дақиқ метавонад баъзе аз бандҳоии айбдории нафари таҳти ҳимояташро тағйир диҳад.
Ду нафаре, ки дар қатори Икром Сиддиқов, депутати қирғиз, дар курсии айбдории додгоҳ нишастаанд, яке Чингиз Абдураҳмонов, сокини Бодканд ва дуюмӣ Ёқубҷон Ҳомидов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.