Ду сарбози амрикоӣ, ки дар як навори видеоии дар интернет нашршуда барафторияшон алайҳи ҷасадҳои толибон дар Афғонистон сабт шудааст, аз сӯи додгоҳи низомӣ муҳокима хоҳанд шуд.
Сержантҳои Ҷозеф Чэмблин ва Эдвард Диптола, аз ҷумла, дар он айбдор мешаванд, ки аз ӯҳдаи назорати зердастони худ набаромадаанд. Се сарбози дигар дар робита ба ин навори видеоӣ моҳи август ҷазои маъмурӣ гирифтанд.
Ин навори 40 сониягӣ, ки дар он сарбозони амрикоӣ болои ҷасадҳои толибон шоша мекунанд, моҳи январ дар интернет пайдо ва боиси сару садоҳои зиёд шуд.
Вазорати дифои ИМА аз бадрафтории низомиёнаш изҳори таассуф карда, ваъда дода буд, ки онҳоро муҷозот мекунад.