Аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон - ҲНИТ, ҲУСД ва ҲДТ кадом масъулиятеро дар ниҳодҳои давлатӣ надоранд. Ин аст, ки назару пешниҳоди онҳо дар тасмимгириҳо ва қабули санаду барнома ба инобат гирифта намешавад.
Ин аҳзоб, ба истиснои ҲНИТ, ки ду курсӣ аз 63 курсии парлумонро дар ихтиёр дорад, гоҳ-гоҳе бо интишори баёния дар мавриди ин ё он ҳодиса аз вуҷуду фаъолияти худ дарак медиҳанд. Аммо ҷойгоҳ ва нуфузеро, ки як ҳизби мухолиф бояд дар ҷомеа дошта бошад, то ҳол ба даст наовардаанд. Зеро, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумат доманаи фаъолияти онҳоро то он ҷое, ки мехоҳад, маҳдуд кардааст.
Аҳзоби мухолиф дар муқобили давлати Тоҷикистон хеле хурду заифанд ва нотавонӣ ё дасткӯтаҳии онҳоро ҳам ҳукумат ва ҳам мардум эҳсос мекунанд. Вале дар вақтҳои охир шеваи бархӯрди ҳукумат бо ин ҳизбҳо, махсусан ҲУСДТ ва ҲНИТ таврест, ки бархе аз коршиносон дар он ташвишҳои ҳукумат аз афзоиши нуфузи ин ҳизбҳоро мушоҳида кардаанд. Ба назари ин таҳлилгарон, фишорҳое, ки дар ин авохир ҳукумат болои ин ду ҳизб ворид кардааст, аз ҷумла надодани имконият барои баргузории як ҷаласа ба раҳбарони ҲУСДТ ва иттиҳомоти ахири Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ бозгӯи он аст, ки ҳукумат аз ҳоло мехоҳад ширкати ин ду ҳизбро дар интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ мушкил созад.
Зафари Сӯфӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо он ки хеле аз барнома ва ваъдаҳои додаи раисиҷумҳур ба иҷро нарасиду баъзе норизоиятҳо аз шароити мавҷуд бештар мешавад, масъулин талош мекунанд, сари неши аҳзоби мухолифро, аз ҳамин ҳоло бигиранд.
Ҷаноби Сӯфӣ мегӯяд, ҳоло ҳамин ду ҳизби мухолифанд, ки дар муқоиса бо бақияи аҳзоби дигар қавитаранд: "Ба назари ман, ҷилавгирӣ аз фаъолияти инҳо ба он хотир аст, ки дар пешорӯ интихобот аст ва мехоҳанд аз ҳоло мавзеъгирии онҳоро нарм кунанд. Ё ки аслан тавре вонамуд кунанд, ки ин ҳизбҳо аҳзобе ҳастанд, ки намешавад рӯи онҳо эътимод кард. Назарҳое ҳам буд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Зоиров вақте Шумо наметавонед як биноеро барои ҷаласаатон пайдо кунед, агар сари қудрат омадед ҷумҳуриро чӣ тавр идора мекунед. Вақте ҳукумат мехоҳад ба ин тарз ҷилави кори онҳоро бигирад, пас маълум мешавад, ки инҳо қавитаранд."
Аммо фикрҳои дигаре ҳам баён мешаванд, ки афзоиши фишорҳои ҳукумат болои аҳзоби мухолиф аломати тақвияти нуфузи онҳо дар ҷомеа нест. Музаффар Олимов, масъули Маркази таҳлилии "Шарқ" мегӯяд, аҳзоби мухолиф аз ҷумла ҲУСДТ ва ҲНИТ ба он ҳадде қавӣ нашудаанд, ки дар муқобили намояндаи ҳукумати феълӣ ба мубориза бархоста вазъи мавҷударо тағйир диҳанд. Аммо меафзояд ҷаноби Олимов далели фишори ҳукумат он аст, ки бархе аз масъулини соҳибнуфуз таҳти таъсири таҳаввул ва табдили режимҳои дарозумри бархе аз кишварҳо қарор гирифта даст ба чунин корҳо мезананд.
"Гумон намекунам, дар муқоиса бо солҳои пешин дар солҳои ахир нуфузи аҳзоби мухолиф бештар шуда бошад, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократ. Албатта, дар байни як қишри муайяни ҷомеа бештар дар байни равшанфикрон ва ё нафароне, ки савод доранд, як обрӯву эҳтиром дорад. Аммо ман наметавонам бигӯям, ки он нуфузи бештар дорад. Эҳтимол дорад, дар мақомот ин тавр гумон кунанд, ки агар ба чунин масоил роҳ кушода шавад, мумкин аст як ҷунбиш пайдо шавад, фикру назарҳо зиёдтар шавад, як таҳлука шавад",-афзуд ӯ.
Бо ин ҳол, аз ҳоло маълум аст, ки ҳукумат имкони ба ин роҳатӣ дар саҳнаи сиёсӣ фаъол шудани аҳзоби мухолифро нахоҳад дод. Вале шароит ва саҳнаи сиёсӣ тавре ташаккул меёбад, ки ба бовари нозирони умур, фишорҳои бештари ҳукумат болои аҳзоби сиёсӣ метавонад дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2013 ба таъсиси як эътилофи ҷиддии ин аҳзоб шабеҳи Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни Тоҷик (ИНОТ) боис шавад. Таҳаввуле, ки ҷониби ҳукумат бо ҳар роҳу васила талош хоҳад кард, то пеши роҳашро бигирад.