Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи пешакии интихоботи парлумонии Белорус эълон шуд


Лидия Ермошина
Лидия Ермошина
Комиссиюни маркази интихоботии Белорус натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии рӯзи якшанберо эълон кард.

Лидия Ермошина, раиси ин Комиссиюн, шаби гузашта гуфт, ки каме бештар аз 74 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пушти қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. Ӯ афзуд, ки дар даври аввал аз 110 вакил 109 нафар интихоб шуданд. Интихоботи такрорӣ фақат дар як қитъаи интихоботии вилояти Гомел баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс”, баъд аз нашри хабар дар бораи он ки иттилои расмӣ дар бораи ширкати мардум дар интихобот воқеъӣ нест, дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетии мухолифини ҳукумат номумкин шуд. Бештари аҳзоби мухолиф интихоботи парлумониро таҳрим карданд, зеро ин маърака, аз нигоҳи онҳо, ғайридемократӣ сурат гирифтааст.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, мухолифинро дар тарсугӣ айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG