Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон фурӯши нашрияҳои покистониро манъ кард


 Дукони нашрияҳои покистонӣ
Дукони нашрияҳои покистонӣ
Мақомоти Афғонистон дар чорчӯби ҷилавгирӣ аз тарғиби ақидаҳои Толибон дар миёни мардум фурӯши нашрияҳои покистониро манъ кардаанд. Рӯзи ҷумъа вазорати корҳои дохилии Афғонистон изҳор намуд, ки нашрияҳои покистонӣ ба як василаи хуби тарғибот барои сухангӯёни Толибон табдил ёфтаанд.
Ба қавли вазорат полиси марз дастур гирифтааст, ки дар вилоятҳои шарқии Нуристон, Кунар ва Нангарҳор нашрияҳои покистониро аз фуконҳо мусодира кунад. Аз эҳтимол дур нест, ки ин иқдоми мақомоти афғон равобит бо ҳамсояашро боз ҳам сардтар кунад.
Чанд моҳ инҷониб мақомоти Кобул Покистонро бо оташборони деҳоти назди марзӣ муттаҳам мекунанд. Дар навбати худ мақомоти Исломобод мегӯянд, ҷангҷӯёни зиддиҳукуматӣ дар хоки Афғонистон паноҳгоҳ ёфта, аз хоки кишвари ҳамсоя болои Покистон ҳамла раҳандозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG