Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши "навбатӣ"-и нархи орд дар Душанбе


Аз 160 то 180 сомонӣ боло рафтани қимати як халтаи орд дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши орд, сокинонро сахт нороҳат кардааст.

Малика, сокини 57-солаи пойтахт, мегӯяд, ӯ 8 фарзанд дорад ва ҳамагӣ 290 сомонӣ маош мегирад. Ба қавли хонум Малика, афзоиши нархи орд ба буҷаи бе ин ҳам тиҳӣ ё холии хонаводааш зарба хоҳад зад: "Зимистон меояд, бояд тайёрӣ бинем. Ҳама чиз гарон шудааст. Намедонам, инҳо ба куҷо нигоҳ мекунанд. Бе орд намешавад. Ҳоло пиёз қимат, картошка қимат, ин чӣ гап аст?"

Асомиддин Ризоев, раиси бозори "Шоҳмансур", гуфт, иллати болоравии баҳои орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз таъсири бозори Қазоқистон вобаста аст. Ба қавли ӯ, як тонна орд дар Қазоқистон ба 63 ҳазор танга, муодили 430 доллар, баробар шудааст, ки то ворид шудан ба пойтахт бо назардошти боҷи гумрукӣ ва роҳкиро қиммати як халтаи 50-килоии он ба 148 сомонӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки як моҳи пеш як халта орд дар Душанбе 135 сомонӣ қимат дошт. Ҷаноби Ризоев гуфт, "болоравии орд ба Тоҷикистон вобаста нест. Дар тамоми ҷо нархи орду гандум гарон шуд. Дар Русия хушксолӣ шудааст ва умуман ҳаҷми истеҳсоли гандум хеле кам аст."

Асомуддин Ризоев
Асомуддин Ризоев
Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳукумати Тоҷикистон назорат мекунад, ки бақияи ордро тоҷирон бо нархи гарон ба фурӯш нагузоранд. Дар баробари ин ба гуфтаи ӯ ҳукумат ва ниҳодҳои масъул ба таври кофӣ захираи орду гандум доранд ва метавонанд вазъро то андозае зери контрол нигоҳ доранд. Феълан ба қавли раҳбари бозори "Шоҳмансур", ширкати маҳалии "Ҷасур" як халта ордро бо баҳои то 137 сомони мефурӯшад.

Тоҳир, як тоҷири дӯкони орд, гуфт, орди навъи аълои истеҳсоли Қазоқистонро чун дар замони Шӯравӣ фақат ба одамони "худӣ" мефурӯшанд. Ӯ мегӯяд, баҳои орди истеҳсоли Хуҷанд, низ ки аз гандуми Қазоқистон таҳия мешавад, боло рафта як халтаи 50-килоиаш дар анбор алакай 156 сомонӣ шудааст.

Тоҳир афзуд, ниҳодҳои давлатӣ барои танзими нарх ба бозорҳо меоянд ва аксарият ба хотири раҳоӣ аз ҷарима ё фишор нархро арзонтар мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон сабаби ин ҳолро шарҳ дода мегӯяд, "орд ва анвои ғалладона аз берун кам ворид мешавад. Кишварҳои аслии содиркунандаи орд низ бинобар хушксолӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд."

Парвози нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфта буд. Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Душанбе боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 95 дарсадаш аз Қазоқистон аст.

Соли гузашта, барои мисол, ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 438 000 тонна фақат гандум ворид шудааст. Бино ба оморҳо, ҳар моҳ ба ин кишвар аз Қазоқистон 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум ворид мешавад. Бо ин ҳол, пешбинии коршиносон нисбат ба дурнамои нархҳо чандон хушбинкунанда нест.

Қазоқистон соли гузашта зери 25 миллион тонна гандум ҷамъ оварда буд, ки ҳосили бесобиқа буд. Аммо вазорати кишоварзии Қазоқистон ба иллати хушксолӣ ҷамъи ҳосили имсолаи гандумро зери 13 миллион тонна тахмин мезанад. Ҳамчунин Қазоқистон боҷи содиротиро барои орду гандум 15 дарсад боло бурдааст, ки он низ ба қимати орду гандум таъсир кардааст. Бино ба иттилои кумитаи омор дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 470 ҳазор тонна гандум ва 232 ҳазор тонна орд ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG