Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Харобкорон” дар таъсисоти ҳастаии Эрон?


Яке аз таъсисоти ҳастаии Эрон
Яке аз таъсисоти ҳастаии Эрон

Мақомоти Эрон аз таркиш дар хатти барқи маркази зерзаминии ҳастаии "Фордо" дар моҳи гузашта, хабар додаанд.

Фаридун Аббос Девонӣ, мудири Созмони Энержии Атомии Эрон мегӯяд, мумкин аст, “террористону харобкорон” дар талош барои эҷоди монеа дар иҷрои барномаҳои атомии Эрон ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ роҳ ёфтаанд.

Ӯ дар конфронси 155 узви ин созмон дар шаҳри Вена гуфт, ки рӯзи 17 август бар асари инфиҷор, хати интиқоли барқ ба таъсисоти атомии Фордо канда шудааст:

“Мумкин аст, террористону харобкорон дар оҷонс нуфуз карда бошанд ва махфиёна тасмимсозӣ мекунанд. Бояд мудири кулли мӯҳтарами оҷонс ва ҳамкорони эшонро аз ин мавзӯъ бохабар созем ва ҳушдори ҳушдори лозимро бидиҳем. “

Ба гуфтаи Фаридун Аббос Девонӣ, як рӯз баъд аз таркиш, нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз Эрон хостанд, барои арзёбии садама ба онҳо иҷозаи боздид бидиҳад. Ӯ афзуд, ки бар асари таркиш ҳамчунин хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба таъсисоти ғанисозии ураниуми Натанз низ канда шудаанд.

Амрикову Исроил ва кишварҳои дигар мегӯянд, ки мумкин аст, Эрон ураниуми ғанисозишударо барои сохти бомби атомӣ истифода кунад, аммо Эрон мегӯяд, ураниумро танҳо барои реакторҳои атомиаш лозим дорад. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ тайи чанд моҳи гузашта саъй дошт, ки Эрон ба нозиронаш иҷоза бидиҳад, барои таҳқиқи иддаъоҳо дар бораи озмоишҳои Эрон барои сохти бомби атомӣ ба он кишвар бираванд, аммо ба натиҷае нарасид.

Дигар ин ки қарор аст, имрӯз Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон бо Кетрин Эштон, маъсули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Истанбул дар бораи барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу кунад. Кетрин Эштон, ки ба намояндагӣ аз Гурӯҳи 5 бар изофаи 1 бо Эрон гуфтӯгу мекунад, иброз дошт, ки мулоқоти мазкур, даври дигаре аз музокироти ҳастаӣ набуда, балки идомаи талошҳо барои муколама бо Эрон аст.

Ба гурӯҳи 5 бар изофаи як, Чину Амрико, Бритониёву Фаронса ва Русияву Олмон шомиланд. Музокироти намояндагони гурӯҳ бо Эрон дар моҳи июн натиҷаи чашмгире надод.
XS
SM
MD
LG