Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демсӣ: "Ҳамла ба сарбозони хориҷӣ таҳдиди бисёр ҷиддист"


Фармондеҳи олирутбаи амрикоӣ ҳамлаи нерӯҳои афғон ба хориҷиҳоро "таҳдиди ҷиддӣ" барои ҷанг дар Афғонистон хонд.

Генерал Мартин Демсӣ рӯзи якшанбе, 16-уми сентябр, гуфт, ҳукумати Афғонистон бояд ин масъаларо мисли мақомоту фармондеҳони Амрико ҷиддӣ бигирад.

Мартин Демсӣ баъд аз он сӯҳбат кард, ки рӯзи якшанбе як пулиси афғон чаҳор сарбози амрикоиро дар вилояти Зобул кушт. Ин сарбозон барои кӯмак ба посгоҳе шитофта буданд, ки ба он ҳамла сурат гирифт. Рӯзе пештар аз ин, як маъмури пулиси афғон ду сарбози бритониёиро кушт, ки пас аз анҷоми гаштзанӣ ба қароргоҳи худ бармегаштанд.

Тайи соли ҷорӣ 51 сарбози нерӯҳои байналмилалӣ аз дасти сарбозони саркаши афғон ва ё душманоне, ки ба сафи онҳо роҳ ёфта буданд, кушта шуданд. Нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон танҳо дар моҳи август дар чунин ҳамлаҳо 15 сарбози худро талаф доданд.

Афзоиши ин гуна ҳамлаҳо нерӯҳои байналмилалиро водор кард, ки тамрини сарбозон ва маъмурони пулиси навомада дар Афғонистонро муттавақиф кунанд. Айни замон мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО дар вилояти Лағмон ҳашт зани афғон кушта шудаанд, ки барои ҳезумчинӣ рафта буданд. Дан Эйнерт, сухангӯи нерӯҳои НАТО, гуфт, дар ҳамлаи ҳавопаймо 45 ҷангҷӯ кушта шуданд, вале мумкин аст, дар ин ҳамла аз 5 то 8 фарди ғайринизомӣ ҳам ҳалок шуда бошад.

Ҷемӣ Грейбил, сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО гуфт, "муҳофизати афғонҳо маъмурияти аслии мост ва аз он ғамгин мешавем, ки агар бидонем, дар амалиёти мо мардуми осоишта осеб дидаанд."

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бо нашри баёнияе гуфтааст, ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии НАТО-ро, ки сабаби марги ҳашт зан шуд, маҳкум мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Афғонистон низ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Сокинони рустои Алингари вилояти Лағмон ҷасадҳои кафанпӯши ин занҳоро ба маркази вилоят шаҳри Меҳтарлам овардаанд.

Ба гуфтаи Сарҳадӣ Зевак, сухангӯи раиси ин вилоят, сокинони русто бо маҳкум кардани ҳамла ҳамчунин, "Марг бар Амрико" шиор медоданд.
XS
SM
MD
LG