Назар ба гузоришҳо аз Афғонистон шаби гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии паймони НАТО дар манотиқи шарқии Афғонистон ҳашт зану духтар ба ҳалокат расидаанд. Мансабдорони афғон мегӯянд, занони деҳаи Алингари вилояти Лағмон барои ҷамъи ҳезум баромада буданд, вале мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтанд. Ба қавли мансабдорони афғон маҷрӯҳшудаҳо ва аз ҷумла як духтари даҳсола барои муолиҷа ба шифохона интиқол ёфтаанд. Ибтидо сухангӯи паймони НАТО Ҷеймс Грейбел гуфт, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ фақат 45 ҷангҷӯй кушта шуданд. Баъдан ӯ иброз дошт, ки нерӯҳои эътилоф хабари куштори занонро мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор додаанд.