Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мусалмонони бегуноҳ" хашми ҷаҳони исломро барангехт


Тазоҳуроти эътирозӣ дар Эрон
Тазоҳуроти эътирозӣ дар Эрон

Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳамлаҳои рӯзҳои охир ба сафоратхонаи кишварҳои ғарбӣ дар кишварҳои исломиро маҳкум кард.

Шӯрои амнияти Созмони Милал аз кишварҳое, ки дар он ҷо ба сафортахонаҳои кишварҳои ғарбӣ, махсусан Амрико ҳамла мешавад, хостааст, ба аҳди худ дар бораи ҳифзу нигаҳдории дипломатҳо ва коркунони намояндагиҳои хориҷӣ амал кунанд. Шӯрои амният рӯзи чаҳоршанбеи гузашта низ ҳамла ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бенғозӣ ва кушта шудани чаҳор дипломати амрикоӣ дар Либияро маҳкум карда буд.

Нашри филми "Мусалмонони бегуноҳ", ки паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалламро ба масхара кашидааст, дар ҷаҳони ислом эътирозҳоро ба вуҷуд овард. Бо назардошти намози ҷумъа, ки умдатан баъд аз он дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо мардум ба хиёбонҳо мерезанд, тадобири амниятӣ барои ҳифзи намояндагиҳои дипломатии Амрико тақвият бахшида шуд.

Баъди онки созмони "Ихвонулумуслимин" дар Миср, ки тарафдоронашро ба “тазоҳуроти осоишта” дар Қоҳира даъват кард, тазоҳургарон ба назди сафорати Амрико омада ва дар онҷо бо маъмурони пулис даргир шуданд.


Тазоҳурот дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Тунис
Тазоҳурот дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Тунис
Пулиси Миср маҷбур шуд, тазоҳургарони хашмгинро бо истифода аз гази ашковар пароканда кунад. Рӯзи панҷшанбе дар тазоҳуроти хушунатбор дар Миср 224 нафар маҷрӯҳ шуданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, интизор дорад, ки ҳукумати Миср амнияти сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Қоҳираро таъмин хоҳад кард:

«Албатта дар ин ҳолат мо интизор дорем, ки онҳо бо исрори мо сафорат ва кормандонашро муҳофизат мекунанд. Агар онҳо ва тамоми кишварҳое, ки мо дар онҷо сафорат дорем, нишон бидиҳанд, ки масъулияти таъмини амнияти сафоратҳоро бар ӯҳда намегиранд, пас воқеан ин як мушкили бузурге хоҳад буд.“

Дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия бузургтарин кишвари мусулмоннишини ҷаҳон, пулис дар ҳоли омодабош қарор дошт ва ҳукумату рӯҳониён мардумро ба оромӣ даъват карданд. Дар назди сафорати Амрико дар Куала Лумпур-пойтахти Малайзия ҳудуди 20 нафар ҷамъ омада ва шиорҳои зиддиамрикоӣ сар доданд. Дар Ироқу Исроил, Бангладешу Кувайт ва Судон ва Навори Ғазза ҳам рӯҳониён мардумро ба тазоҳурот даъват карда буданд.

Дар Ироқ Шайх Абу Кифоҳ ал-Бохтарӣ раҳбари як қабилаи ироқӣ, ки дар тазоҳуроте дар шаҳри Басра ширкат дошт, хостори бастани намояндагиҳои дипломатии Амрикову Бритониё шуд ва гуфт: “Мо аз харидани маҳсулоти ширкатҳои амрикоӣ ва моли амрикоӣ даст мекашем."

Дар як тазоҳуроте дар Навори Ғазза ҳам филми “Мусулмонони бегуноҳ”-ро маҳкум карданд, ки онро як коргардони ношинохта ва бо кӯмаки афроди алоҳида ба навор бардоштааст, маҳкум карданд. Филми мазкурро гӯё бо кӯмаки қибтиҳои муҳоҷир ва насронии Миср дар Амрико таҳия кардаанд. Филми мазкур сабаби мавҷи тазоҳурот дар баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин шуд.

Бархӯрди пулис бо тазоҳургарон дар назди сафорати Амрико дар Исломобод
Бархӯрди пулис бо тазоҳургарон дар назди сафорати Амрико дар Исломобод
Баъди ин тазоҳургарон ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия ҳамла карда ва чаҳор дипломат, аз ҷумла Кристофер Стивенс, сафири Амрико дар Либияро куштанд. Дар тазоҳуроти рӯзи 13-уми сентябр дар шаҳри Санъои Яман чаҳор нафар ҷон дод. Муҳаммад Мақориф, раҳбари Либия ва Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман тазоҳуротии хушунатомезро маҳкум карданд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳимояти Ғарб аз тазоҳуротҳои зиддиҳукуматӣ дар ҷаҳони араб, сабаби ноамнӣ шудааст: “Мо ҳамеша дар он аз изтироб ҳастем, ки дастгирии ин гурӯҳҳои мусаллаҳ метавонад, моро ба бунбаст ворид кунад. Мо ҳадафҳои ниҳоии ин муборизон барои озодиро намедонем. Мо метарсем, ки минтақа метавонад ба гирдоби бебандуборӣ биафтад, ки аз ҳамин ҳоло ҳам мебинем.”

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳам дар як баёнияе мардумро ба “оромӣ ва хештандорӣ” даъват кард ва гуфт “ҳеҷ чизе наметавонад, ҳамлаву кушторро” машрӯъият бахшад.
XS
SM
MD
LG