Бар асари ба ҳам бархӯрдани як автобуси мусофирбар ва мошини бензинкашӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон дасти кам 50 нафар кушта шудаанд. Автобус 56 мусофир доштааст ва бино ба гузоришҳо, танҳо се ё ва чаҳор нафари онҳо зинда мондаанд. Сабаби садама маълум нест ва ба гуфтаи Заровар Зоҳир, сардори раёсати пулис дар ин маҳалл аксарияти қурбониён ба ҳадде сӯхтаанд, ки шинохта намешаванд.