Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозии Либия


Бино ба гузоришҳо, мардони мусаллаҳ дар Либия ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозӣ ҳамла бурданд ва онро ба оташ кашидаанд. Дар бораи даргирии мардони мусаллаҳ бо кормандони амниятии консулгарӣ дар беруни бино гузоришҳо мерасад.

Мақомоти расмии Либия мегӯяд, ки ҳангоми ин ҳамла дар дохили консулгарӣ аз кормандон касе набудааст. Сафорати Амрико низ дар бораи ин ҳамла хабар додааст, вале дар бораи ҷузъиёти он чизе нагуфтааст.

Дар гузоришҳо омадааст, ки гурӯҳи эътирозгарон бар зидди филме, ки дар Амрико таҳия шудааст, тазоҳурот кардаанд. Дар ин филм гӯё паёмбар Муҳаммад тавҳин шудааст.
XS
SM
MD
LG