Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Орзуи панҷсолаи ман дар оташи "Корвон хокистар шуд"


Садбарг 5 сол барои харидории як хона пул ҷамъ кард, аммо ҳамаро дар сӯхтори бозори "Корвон" аз даст дод.

Ӯ дар бозори Корвон ба фурӯши яклухти матоъ машғул буд ва тасмим дошт зимистони имсол қарзҳояшро баргардонаду, хона бихарад. Садбарг мегӯяд, то расидан ба орзуи зиндагиаш як ду моҳи дигар монда буд, ки сӯхтори ҳафтаи гузашта дар "Корвон" ин орзуро ҳамроҳ бо молу колои баробар ба 50 ҳазор доллар ба боди фано дод.

«Ҳама аз маҷбурӣ дар бозор мешиштем нонпулиро базӯр меёфтем. Милион милион бор сухта рафт бозорда. Ҳама моли қиммат. Барои бехатарии бозор, барои иҷораи ҷой, барои патент, сар карда аз муҳофизон то дигар кормандони масъул аз мо барои ҳар метри ҷой пул мегирифтанд. Як бор агар патент намегирифтем 600 сум ҷарима мебастанд. Дар тори сарат хамаш шиштагӣ аст. Ҳоло акнун сӯхтем, ягон чиз намонд.»

Садбарг, ки нони даҳони 5 бачаашро аз тиҷорати ба даст меовард, мегӯяд, то ба ҳол аз ин фоҷеа ба худ наомадааст, ҳоло сарсону саргардон аст ва дигар дасташ ба тиҷорат пеш намеравад. Бархе ҳамтоҳои дигари Садбарг баъди ин ҳодиса
ҳатто ба маризии қалбу фишори баланд гирифтор шудаанд. Аммо иддаи дигари фурӯшандаҳо дубора рӯ ба бозор оварданд. Онҳо, ки аз ин роҳ зиндагии худро пеш мебурданду ба қарзҳои фаровон ғӯттавар шудаанд, мегӯянд, дигар имкони қафо гаштан надоранд.

Масъулони бозор барои ин гурӯҳи бозорнишинон дар маҳалли истгоҳи мошинҳо "фурушгоҳ" дуруст карданд кардаанд. Тоҷирони зарардида аз ҳамтоҳои худ дар бахши дигари бозор, ки аз сӯхтор эмин мондаанд, қарз гирифтанд ва ё молу матои аз сӯхтор раҳидаро ба фурӯш бароварданд. Шабнам ва ҳамсараш, ки дар бозори яклухтфурӯшии «Корвон» 4 нуқтаи фурӯш доштанд, мегӯянд, тамоми захираҳои 7 солаи онҳо хокистар шуд. Ин ҷуфт корро акнун аз сифр шурӯъ мекунанд.

«Тамоми ёфтагиам то имрӯз аз бозор аст ва ман аслан намехоҳам тарки он кунам. Худам мерафтам аз Уротеппаву Хитой бор меовардам. Оилавӣ буд тиҷорати мо. Хона месохтем. Ҳоло ҳама сӯхт, акнун дар лаби роҳи бозор ҷой додаанд мувақатан бароямон, ва феълан шукри Худо пули чеку дигару дигар напурсида истодаанд аз мо. Акнун маҷбурем боз корро аз сар гирем. Чанд ҷо кор даъват карданд нарафтем, зеро бо маоше, ки пешниҳод мекунанд зиндагиро пеш бурда намешавад. Апаву хоҳарам маълумоти олӣ мегиранд, мехонанд, аммо куҷост ҷойи кори хуб? Барои он ҳам боз маблағи зиёд лозим аст.»

Рӯзи сешанбе даҳҳо тан аз савдогарони осебдида дубора дар назди бинои раёсати ин бозор ҷамъ омаданд ва аз масъулини кумитаи андоз хостанд то онҳоро барои як сол аз пардохти молиёт озод кунанд. Аммо масъулони кумитаи андози шаҳри Душанбе хоҳиши тоҷиронро рад карданд.

Ҳалима Мавлонова, раиси бозори «Корвон» мегӯяд, «масъалаи якумдараҷае, ки ҳоло мо бо масъулини андоз дида мебароем, ин маҳкам кардани патенту шаҳодатномаҳои ин тоҷирон аст, ки дар оташсӯзи сӯхтанд. Аммо аз ин ба баъд агар касе ба фаъолияти тоҷириаш дубора шурӯъ кунад ва бояд шаҳодатнома гирад ва андозашро мисли пештара супорад.»

Ба думболи таҷаммӯи аввали савдогарон, як рӯз баъди сӯхтор, ҳукумати шаҳри Душанбе, бонкҳо ва ширкати давлатии тоҷик Суғурта ба зарардидаҳо ваъдаи кӯмак карданд. Агар ин ваъдаҳо бархе аз тоҷирони осебдидаро то ҷое умедвор кардааст, гурӯҳи дигар мегӯянд, ба иҷро шудани ваъдаҳои мақомот чандон бовар надоранд.

Аммо бо ин ҳама коршиносон талошҳои савдогаронро дар роҳи ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Зеро ба ақидаи онҳо агар тоҷирон эътироз намекарданд ба эҳтимоли зиёд ҳукумат ва масъулини давлатӣ ҳам ягон вокунише нишон намедод ва ин сӯхтор ҳам мисли оташсӯзиҳои дигар аз таваҷҷӯҳ дар канор мемонд.

Ёқуби Саид, таҳлилгари ҷавони тоҷик дар ин зимн гуфт:«Аксуламали мақомот ин пеш аз ҳама дастоварди худи савдогарон аст. Онҳо баъди 5 ҳодисаи оташсӯзие, ки дар ин бозор рух дода буд, ҷасорат нишон доданд ва ваъдаҳо ҳам нисбати онҳо зиёд шунида шуд. Мири шаҳр худ ба назди зарардиҳо баромад. Онҳо тавонистанд, бигзор ҳоло дар сатҳи ваъда ҳам, ки бошад таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб карданд.»

Бо ин ҳама сохтмони бозори ҷадид барои ду ҳазор фурӯшанда дар маҳалли сӯхтори бозори «Корвон» шурӯъ шудааст.

Дар пайи сӯхтори бесобиқаи бозор масъулони он тасмим гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бозор танҳо то соати 3- и рӯз фаъолият хоҳад кард ва куллия қоидаҳои зидди сӯхтор иҷро хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG