Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти босуръати риёли эронӣ


Ir
Ir

Рӯзҳои ахир қурби риёли эронӣ босуръат поин мешавад.

Рӯзи якшанбе як доллар Амрико ба 24000 риёл табодул мешуд, вале рӯзи душанбе як доллар бар беш аз 26000 риёл мусовӣ шуд. Ҳолате ба вуҷуд омадааст, ки зоҳиран барои ҷилавгирӣ аз изтироби бозори пул мақомот иттилоъ дар бораи қурби воқеии риёлро намегӯянд. Дарёфти маълумот дар сомонаҳои интернетӣ ҳам душвор шудааст.

Хабаргузории Франс - пресс аз Теҳрон навиштааст, ки рӯзи душанбе мақомоти Эрон саъй намуданд, маълумот дар бораи поиншавии босуръати қурби риёли эронӣ дар муқобили доллари Амрикоро ҳадалимкон аз назари мардум дур нигаҳ доранд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, баъзе сомонаҳои интернетӣ хабар дар бораи қурби феълии риёлро нашр намекарданд. Хадамоти телефонҳои мобилӣ бошад, паёмҳоеро, ки дар он калимаи доллар, евро навишта шуда буд, қабул намекарданд.

Як сарроф ба мухбири Франс-пресс гуфт, ки рӯзи душанбе як доллари Амрико ба 26400 риёли эронӣ баробар шуд. Ӯ хотирнишон кардааст, ки рӯзи якшанбе як доллар ба 24000 риёл мусовӣ будааст.

Дар Эрон ду қурби доллар мавҷуд аст: Яке қурби табодул дар кӯча аст, ки қурби он дар давоми даҳ моҳи гузашта то 50 дар сад коҳиш ёфта, тавре гуфтем тибқи он як доллар ба беш аз 26 ҳазор риёл дакка хӯрдааст. Бар илова, дар Эрон қурби табодули собити давлатӣ низ вуҷуд дорад, ки бар пояи он як доллар ба 12260 риёл баробар аст. Вале ин қурб фақат барои ҳукумат ва баъзе ширкатҳои имтиёздор ҳифз шудааст.

Раиси комиссияи буҷҷетии парламенти Эрон Ғулом Ризо Мисбоҳӣ-Муқаддам ба хабаргузориии Форс гуфтааст, хатои бузурги ҳукумат ин буд, ки ба тақозои бозори Форексро нодида гирифта, дар давоми се ҳафтаи гузашта ба бозори пул доллари нақд ворид накард.

Ба ақидаи коршиносон, сабаби асосии поиншавии қурби риёл таҳрими кишварҳои ғарбӣ аст, ки дар иртибот бо саркашии Эрон аз қатъи бахши ҳассоси барномаи ҳастаии Теҳрон ҷорӣ шудааст. Кишварҳои аврупоӣ бо ишора ба саркашии Эрон воридоти нафт аз ҷумҳурии исломиро мутаваққиф кардаанд.

Дар ҳамин ҳол раиси бонки марказии Эрон Маҳмуд Баҳманӣ рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфтааст, ки Бонки марказӣ наметавонад доимо қурби табодулро поин барад, аммо Бонк бояд саъй мекунад, ки қурби табодулро зери назорат дарорад.

Мақомоти Эрон борҳо таъкид кардаанд, ки ба фишори ғарбӣ сар хам намекунанду татбиқи барномаи ҳастаиро, ки ба гуфти онҳо ҳадафҳои осоишта дорад, идома хоҳанд дод. Ҳафтаи равон вазирони корҳои хориҷиии Иттиҳодияи Аврупо тавсеаи таҳримҳои эронро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG