Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмун барои соҳибкорони навовар


Агар донишҷӯ ҳастед ё соҳибкор ва идеяи ҷолиби ихтирооте доред, ки барои иҷрояш пул намерасад, як имконе пеш омадааст, ки шояд ба шумо дар иҷрои барномаатон кӯмак кунад.

Барномаи навовариҳои ҷаҳонӣ аз тариқи илму технология, ки аз тарафи вазорати умури хориҷии Амрико раҳандозӣ шудааст, як озмуне эълом кардааст, ки “Ихтироъи шумо, мушкилкушои шумо” унвон дорад ва шумо ҳам метавонед ширкат кунед. Дар сӯҳбате, ки бо ҳамоҳангсози ин барнома Наталия Пипиа доштам, аз ӯ нахуст дар бораи шартҳои озмун пурсидам.

Наталия Папиа: “Ҳар кас метавонад дар ин озмун ширкат кунад, донишҷӯён, соҳибкорон, донишмандон ва тоҷирони собиқадор ҳам. Дар ин озмун муҳимтар аз ҳама навоварӣ аст. Мо тарҳҳои гуногунро қабул мекунем, аз ҷумла тарҳҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тиббу энергетика ва технологияҳои мухобиротӣ. Аммо бояд бигӯям, ки озмуни мазкур танҳо як бахши кори барномаи “Навовариҳои ҷаҳонӣ аз тариқи илму фанноварӣ” аст. Барномаи мазкур аслан ба рушди соҳибкорӣ бахшида шудааст ва мо ба зудӣ як озмуни дигар дорем дар бораи офаридани парчами махсус барои соҳибкорӣ ки фикр мекунам ҷолиб хоҳад буд. “

Озодӣ: Масалан як намунае барҷастае метавонед, аз озмунҳои гузашта биёред, ки бо мусоидати шумо, тарҳи хубе иҷро шуда ва ба мардуми ягон маҳал дар воқеъ кумак кардааст?

Наталия Папиа: “Тарҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки масалан мушкили бозори маҳаллиро ҳал мекунанд. Масалан, соли гузашта мо ба як ширкате кӯмаки молӣ кардем, ки дасти сунъӣ тавлид мекунад, ки ҳатто барои мардуми фақири ниёзманд дастрас аст. Ба як ширкати дигар барои пешрафти технологияи инфографика кӯмак кардем, ки ҳоло ин технология дар Калифорния, як маркази асосии ихтирооти абзорҳои электронӣ ва фанновариҳои мухобиротӣ хеле ривоҷ меёбад. Дар арсаи кишоварзӣ тарҳҳои зиёде надорем, аммо 60 дарсади тарҳҳои пешниҳодӣ дар соҳаи фанновариҳои мухобиротӣ аст. Дар соҳаи тибб ва энергетика ҳам ба қадри кофӣ тарҳ мегирем.“

Озодӣ: Аммо интихоби тарҳҳо дар озмуни “Ихтироъи шумо мушкилкушои шумо” чӣ гуна сурат мегирад?

Наталия Папиа: “Навад тарҳе, ки доварони озмун интихоб мекунанд, дар торнамои Ю тюб гузошта мешавад ва раъйдиҳӣ сурат мегирад. Аз ҳисоби ин 90 тарҳ, 30 тарҳи дигар ба марҳилаи дуввум роҳ меёбад ва аз ҳар қора 10 тарҳӣ интихоб мешавад. Муаллифони тарҳҳои ғолиб моҳи декабри соли 2012 ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват мешаванд ва онҳое, ки дар марҳилаи аввал ғолиб омаданд, аз 2 то 25 ҳазор доллар сармоя барои тиҷорат мегиранд. Мо ҳамчунин тарҳҳои онҳоро ба вазорати умури хориҷаи Амрико ва ҳам ширкатҳое муаррифӣ мекунем, ки ба рушди соҳибкорӣ дар хориҷа ҳавасманд ҳастанд. “

Шартҳои озмун дар ин саҳифа аст: www.crdfglobal.org
XS
SM
MD
LG