Шӯрои порламонии САҲА дар эъломияе бори дигар гуфтааст, ки аз рӯйдодҳои 26 июл дар Хоруғи Тоҷикистон нигарон аст. Ин эъломия 6 сентябр дар Вена ба нашр расид.
Шӯрои мазкур аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки вуруди намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва дипломатҳои хориҷиро ба вилояти Бадахшон иҷоза диҳад.
Дар эъломия ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ба куштори Сабзалӣ Мамадризоев-раиси созмони минтақавии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Имумназар Имумназаров-фармондеҳи пешини мухолифон расидагии озоду одилона сурат бигирад.