Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҷоиботи боғи ҳайвонот: Аз саги панҷпо то бузи шашпо


Дар боғи ҳайвонот ё вуҳуши шаҳри Душанбе се ҳайвони аҷоиб ё ғайримаъмулӣ зиндагӣ мекунанд.

Ин ҳайвоноти аҷоиб бузу бузғолаи шашпо, саги панҷпо ва гӯсфанди панҷшоханд. Қаблан дар ин боғ як бузи наринаи шашпо оварда буданд ва маъмурияти бозор бо ҳадафи озмоиш он "такка"-ро бо бузҳои маҳаллии минтақаи Айнӣ ҷуфт карданд.

Бар асари ин ҷуфткунӣ ду моҳ қабл бузи маҳаллӣ бузғолае таваллуд кард, ки низ мисли падараш шаш пой дорад.

Ҳамчунон дар соли 2009-ум як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба боғи ҳайвоноти Душанбе сагеро тақдим кард, ки панҷ пой дорад. Пойи панҷуми ин саг ибтидо мисли пойҳои муқаррарӣ буд ва он пойро низ ҳангоми ҳаракат дар замин мегузошт. Аммо бо гузашти вақт он пойро ҳамеша бардошта мегардад.

Аҷоиботи дигари боғи ҳайвоноти Душанбе он аст, ки гӯсфанди панҷшохае низ дар ин боғ маскун аст ва тамшогарон барои дидани ин се ҳайвон таваҷҷӯҳи хос доранд.

Ҳоло дар боғи ҳайвоноти Душанбе 111 навъи ҳайвону паррандаву хазанда нигаҳбонӣ мешавад, ки шумораи умумии онҳо ба 825 адад мерасад. Солона барои нигаҳбонии ҳайвонот ва маоши кормандони боғи ҳайвоноти Душанбе 204 ҳазор сомонӣ ихтисос мешавад, ки нокофӣ будааст.

Аҷоиботи боғи ҳайвоноти Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG