Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Ҷопон дар мавриди харидани ҷазираҳои баҳсбарангез дар Баҳри Чини Шарқӣ ба тавофуқ расидааст. Дар ин бора рӯзномаҳои мӯътабари ҷопонии “Асаҳӣ” ва “Ёмуиурӣ” хабар додаанд, вале то кунун мақомоти расмӣ онро таъйид накардаанд. Чину Ҷопон аз моҳи апрел то кунун бар сари ин ҷазираҳо ҷанҷол доранд. Моҷаро баъд аз он бархост, ки шаҳрдори Ҷопон гуфт, кишвараш мехоҳад, ин ҷазираҳоро бихарад, ки Чину Тайван онҳоро моли худ мешуморанд. Ин ҷазираҳо ҳоло молики ҷопонӣ доранд. Хабаргузории Киодои Ҷопон аз қавли як манбаъи ҳукуматӣ навиштааст, ки ҳукумати Ҷопон мехоҳад, аз ҳисоби 5 ҷазираи аслӣ, сетои онро аз молики ҷопониаш бо арзиши 26 миллион доллар бихарад ва рӯзи душанбе созиш дар ин замина ҳосил шудааст.