Нуралӣ Хоркашев, корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки мувофиқи талабот, ба варзишгар тавсия дода мешавад, ки матни суруди миллӣ (гимн)-ро аз бар намояд.
Нуралӣ Хоркашев афзуд, ки ин тасим ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии варзишкор ва доштани ифтихор ба кишвари худ аст.
«Вақте, ки як варзишкор чемпиони ҷаҳон мешавад, тамоми телевизионҳои ҷаҳон ӯро аз наздик нишон медиҳанд, ки дар рӯи китфи варзишкор ҳатман парчами кишвараш овезон аст ва бо садо додани гимн, варзишкор суруди милии худро замзама мекунад, ин ифтихор ба ватани худро нишон медиҳад. Ин манзара ба сурати умум барои бинанда муассир хоҳад буд.»
Қаблан баъзе аз варзишкорон изҳор дошта буданд, ки барои надонистани гимн аз бозӣ маҳрум карда шудаанд.
Аммо Нуралӣ Хоркашев меафзояд, ки донистани суруди миллӣ як тавсия аст ва барои надонистани он варзишкор ҷарима ва ё аз бозӣ хориҷ карда намешавад ва танҳо маслиҳат дода мешавад, ки агар матни онро аз ёд донанд, амали нек хоҳад буд.