Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии нави Бонки Ҷаҳонӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон


Ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи энергетика идома меёбад.

Рӯзи 31 август Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки сармоягузории Барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро идома дода, бо ин ҳадаф ба кишвар 18 миллион доллари иловагӣ медиҳад. Ин иқдоми бонк имкон фароҳам меорад, ки кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи беҳбуди назорати молӣ, ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ва рушди дарозмуддати соҳаи энергетика давом кунад. Иҷрои Барномаи коҳиши талафоти энергия дар Тоҷикистон аз соли 2005-ум шурӯъ шудааст.

Ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ иброз дошта буд, ки барои татбиқи Барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон 18 миллион доллари иловагӣ тахсис дода, маблағи умумии онро то ба 38 миллион доллар хоҳад расонд.

Ҳамчунон ҳукумати Швейтсария ба хотири иҷрои ин лоиҳа 8 миллион долар ба ҳайси грант тақдим мекунад. Барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистон бояд беҳбуди ҳисоби истифодаи нерӯ ва пулғундорӣ вазъи молии соҳаи мазкурро тақвият бахшад.

Иҷрои барнома имкон медиҳад, ки муштариён пули энергияи воқеан истифодашударо пардохт намоянд. Ин лоиҳа ҳамчунон истифодаи беҳтари нерӯ дар фасли зимистон ва тармиму таъмири нерӯгоҳи барқ оби Норакро дар мадди назар дорад.
XS
SM
MD
LG