Рӯзи 31 август Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки барои идомаи Барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистон 18 миллион доллари иловагӣ тахсис медиҳад. Иҷрои Барномаи коҳиши талафоти эненргия дар Тоҷикистон соли 2005-ум шурӯъ шуда, Бонки ҷаҳонӣ барои ин тарҳ то кунун 20 миллион доллар ҷудо карда буд. Ин лоиҳа истифодаи беҳтари нерӯ дар фасли зимистон ва тармиму таъмири нерӯгоҳи Норакро низ дар назар дорад.