Мудири бахши кумитаи дин дар навоҳии минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия Плюс» гуфт, наздики 130 000 долларе, ки дар иди Рамазон дар 157 масҷиди навоҳии ин минтақа ҷамъоварӣ шудааст, барои кумак ба мардуми камбизоат равона хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, дар рӯзҳои ид дар масоҷиди ин минтақа 629 587 сомонӣ ҷамъ оварданд. Ба гуфтаи оқои Абдулҳамидов, бештар аз ҳама – 136 000 сомонӣ – дар ноҳияи Темурмалик ва камтарин маблағ – 9 780 сомонӣ – дар 12 масҷиди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҷамъ шудааст.