Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нил Армстронг - кашшофи Моҳ даргузашт


Нил Армстронг
Нил Армстронг

Нил Армстронг - фазонаварди шӯҳратёри амрикоӣ ва нахустин инсоне, ки пой ба рӯи Моҳ гузошт, дар синни 82 аз олам чашм пӯшид.

Пайвандонаш мегӯянд, иллати марги Армстронг мушкилоте буд, ки ӯ баъди ҷарроҳии қалбаш дар авоили моҳи август дучор шуд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як баёния Нил Армстронгро яке аз бузургтарин қаҳрамонҳо дар тӯли таърихи ин кишвар ном бурд.

Нил Армстронг рӯзи 20 июли соли 1969 ҳамчун фармондеҳи киштии “Apollo 11” нахустин инсоне шуд, ки пой ба рӯи Моҳ монд. Ӯ ба муҷарради пой гузоштан ба рӯи ин радифи Замин чанд ҷумлаеро ба забон овард, ки моли таърих шудаанд: “Ин барои як нафар қадами хурдест, вале як гоми бузург барои башарият.”

Армстронг ва шарикаш дар он парвоз Эдвин “Базз” Алдрин дар маҷмӯъ наздики 3 соат рӯи Моs “сайругашт” карданд. Чигуна ба рӯи Моҳ пой ниҳодани ин ду фазонаварди амрикоиро ҳудуди 600 миллион нафар, ё тақрибан панҷяки ҷамъияти вақти дунё тамошо ё гӯш карданд. Ба шарафи Армстронг, Алдрин ва шарики севуми онҳо дар парвози нахустин ба Моҳ Майкл Коллинз баъди бозгашт дар Ню-Йорку Чикаго ва Лос-Анҷелес гаштҳои мӯҳташам барпо карданд ва ин сегона дар маҷмӯъ ба 22 кишвари дунё сафар кард.

Парвозҳои киштиҳои кайҳонии Амрико ба Моҳ аз соли 1969 то 1972 идома ёфт ва дар ин 3 сол 12 фазонаварди амрикоӣ аз Моҳ дидан кард. Нишастан ба рӯи Моҳ як пирӯзии Амрико дар сабқати парвозҳои кайҳонии даврони Ҷанги сард ба шумор мерафт. Ин сабқат байни Амрикову Иттиҳоди Шӯравӣ 4 октябри соли 1957 бо парвози нахустин моҳвораи шӯравӣ – “Спутник-1” ба мадор оғоз ёфта буд, ки ҷаҳонро таккон дод.

Нил Армстронг баъдан ин сабқати парвозҳои кайҳониро “як рақобати комилан сулҳомез байни Амрикову Шӯравӣ” номид: “Ин шадид буд ва ба ҳарду ҷониб ба хотири расидан ба аҳдофи илмиву таҳқиқотӣ ва кашфиётӣ роҳҳои бузургеро
муяссар мегардонд. Ҳамин тавр, ин механизми роҳандозии ҳамкорӣ байни ду душмани собиқро фароҳам меовард. Аз ин нигоҳ, ин дар баробари масоили дигар як навъ сармоягузории фавқулодда барои ҳарду ҷониб буд.”

Парвоз дар киштии моҳнаварди “Apollo 11” охирин парвози кайҳонии Нил Армстронг шуд. Ӯ дар солҳои баъдӣ аз мадди назари ҷомеа канор рафт ва бештари вақти худро ба омӯзгорӣ ва ё дар фермааш дар аёлати Оҳайо сар кард. Армстронг 5 августи соли 1930 дар ҳаминҷо дида ба ҷаҳон кушода буд.

Аммо дар соли 2010 Нил Армстронг дубора дар мазҳари омм зоҳир шуд ва роҷеъ ба сиёсати Барак Обама дар бахши кайҳоншиносӣ, ки аз барномаи бозгашт ба Моҳ даст кашида, сохтани киштиҳои кайҳониро бештар ба ширкатҳои хусусӣ месупурд, чанд дафъа изҳори назар кард.

Аъзои хонаводаи Армстронг аз ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд хотири ӯро гиромӣ бидоранд, ин хоҳишро кардаанд ки: “Намунаи хидмат, комёбӣ ва хоксории ӯро пос бидоред ва дар оянда, вақте шабона берун мераведу мебинед, ки Моҳ ба рӯи шумо механдад, Нил Армстронгро ёд кунед ва чашмакe ба сӯяш бизанед.”
XS
SM
MD
LG