Торнамои “Азия-Плюс” тайи як моҳе, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти давлатии алоқа масдуд карда шуда буд, 30 дарсади хонандагонашро аз даст дода, дучори зарбаи шадиди иқтисодӣ шудааст.
Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи хабаргузории “Азия-Плюс”, рӯзи шанбе, 25-уми август, ба Радиои Озодӣ бо нигаронӣ гуфт, тайи ин муддат маблағи рекламаҳоеро, ки дар торнамо ҷой дода шуда буданд, пурра гирифта натавонистанд ва ҳам фармоишгарони рекламаро то андозае аз даст додаанд: "Мо истифодабарандони торнамои худро аз даст додем. Дар ин миён, бештар зарари молӣ аз ҳисоби реклама ба мо расид.”
Хонум Зебо мегӯяд, зарари молӣ беҳад бузург аст, аммо то ҳол дақиқ ҳисоб нашудааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, то кунун на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ё провайдерҳо на ба таври шифоҳӣ ва на расмӣ сабаби масдуд шудани торнамо ё сайти “Азия-Плюс”-ро шарҳ надодаанд. Дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия-Плюс” дар тӯли як моҳи ахир се бор масдуд шуд.
Асомиддин Атоев, раиси Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Тоҷикистон, бар ин аст, ки агар муносибат бо "Азия-Плюс" ба ҳамин шакл идома кунад, ин сомонаи бонуфуз дар бозори реклама мавқеи худро аз даст медиҳад. Вале гузашта аз ин, ба қавли ҷаноби Атоев, зарари бештар барои худи ҳукумати Тоҷикистон ва хонандагони дохили кишвар хоҳад буд.
Ба назари ӯ, дар ҷанги иттилоотӣ "Азия-Плюс" як минбари давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи ин кишвар ба шумор меояд, ки дар сурати пеш омадани масъалае мақомоти ин кишвар мавқеи худро ҳам ба забони русӣ ва ҳам англисӣ зуд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонанд: "Ин сарчашма (Азия-Плюс) дар беруни Тоҷикистон дастрас аст. Чунин сайтбандиҳо бар зарари Тоҷикистон аст ва бевосита аз нигоҳи "Консепсияи амнияти иттилоотӣ"-и кишвар таҳдид ба фазои интернетии дохили кишвар мебошад."
Масъулони созмонҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, яке аз сабабҳои масдуд кардани "Азия-Плюс" ва торнамоҳои дигар дар ин миён вобаста ба ҳаводиси Хоруғ буд, ки алъон дар ин минтақа оромӣ ва мусолиҳа ба даст омадааст. Қаблан масъулони хабаргузории “Азия-Плюс” тасмим гирифта буданд, Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистонро барои ба таври ғайриқонунӣ масдуд кардани ин сомона ба додгоҳ кашанд. Зеро тибқи қонунгузории Тоҷикистон, масдуд шудани дастрасӣ ба торномаҳо танҳо бо ҳукми додгоҳ имконпазир будааст.
Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамгари интернет, Асомиддин Атоев ва масъулони созмонҳои дигари интернетӣ ва журналистӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз масдудсозиҳои Хадамоти давлатии алоқа, хонандагон бо истифода аз барномаҳои дигари интернетӣ "қуфл"-ҳоро шикаста, ба дилхоҳ торнамо ворид мешаванд. Вале меафзоянд онҳо, мақомоти Тоҷикистон ба ҷои танзими қавонини марбут ба фазои иттилоотии кишвар ба масдудкуниҳо даст мезананд, ки ин на пуштибонӣ аз амнияти иттилоотии кишвар, балки баръакс боис ба чопи ҳар гуна хабарҳои зидду нақиз ва овозаҳо доир ба ҳаводиси дохили кишвар мегардад.