Ва агар нафареро ҳам бипурсӣ, ки барои хушбахтии шумо чанд пул даркор аст, ибтидо мегӯяд, «хушбахтӣ дар пул нест, дар саломатӣ ва хотири ҷамъ аст».
Аммо чун суол мегузорӣ, ки бе пул сиҳатии хуб ва шиками сер доштан мумкин аст, дар ин маврид ба андеша меравад ва ё мегӯяд доштани пул ҳам зарар надорад.
Албатта саломатӣ, як бахши хушбахтии инсон аст, вале суоле пайдо мешавад, ки оё бе пул хотири инсон ҷамъ буда метавонад? Ин ҳам дар ҳоле ки дар шароити феълӣ ба истилоҳ « бепул қадам зада намешавад». Пас, доштани пул ҳам як бахши хушбахтист.
Наворбардори «Озодӣ» ин дафъа бо пурсиши «Барои хушбахтии шумо ва хонаводаатон чанд пул зарур аст?» бо роҳгузарони хиёбонҳои Душанб муроҷиат кард. Бархе пули зиёд, ҳатто миллионро барои хушбахтиашон кофӣ гуфтанду, бархе дигар он қадар, ки ниёзи худу фарзандон бароварда шавад ва муҳтоҷӣ накашанд. Аммо теъдоди дигар пули зиёдро бахбахтӣ номиданд.
Корбарони азиз, Шумо чӣ фикр мекунед, барои шумо чӣ миқдор пул лозим аст, ки бо хонаводаатон хушбахт бошед?