Аз Хоруғ иттило медиҳанд, ки вазъ дар шаҳр ба эътидол омадааст. Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Бунёди Оғохон дар Бадахшон дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муҳити Хоруғ “ором ва осуда буда, мардум аз паи кори худ” ҳастанд. Шоми 23 август баъди тазоҳуроти дурӯза дар паи дар манзилаш ба расари таркиши норинҷак кушта шудани Имомназар Имомназаров, созише миёни эътирозгарон ва сохторҳои қудратӣ ҳосил шуд. Бар пояи ин созиш, нирӯҳои ҳукуматӣ аз Хоруғ берун шуда, ширкатдорони ҳамоиши эътирозии Хоруғ ҳам аз пайгард озод шуданд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои баргузории ҳама гуна намоишҳои эътирозиву раҳпаймоиҳо иҷозати давлат лозим аст. Дар сӯҳбат бо Озодӣ Ёдгор Файзов гуфт, ки “як қисме аз нирӯҳо аз ҳудуди вилоят ҳам берун шуданд”. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дирӯз 9 мошини низомӣ 250 нирӯро аз қаламрави Хоруғ берун кард.
Ба саволи Озодӣ оид ба ин ки шарти эътирозгарон оиди ба истеъфо рафтани раиси вилоят Қодири Қосим то куҷо дар гуфтушунидҳои дирӯза баррасӣ шудааст, гуфт: “На, ман ингуна шартеро нашунида будам. Ин хел гап набуд. Ду талаби асосӣ буд, ки ҳардуяш иҷро шуд”. Дар робита бо эҳтимоли идомаи музокироти қатъшуда бо раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ӯ гуфт, ки иттилое надорад. “Мо медонем, ки онҳо ба саволҳои додситонӣ ҷавоб медоданд, аммо дигарашро намедонам”, гуфт ӯ. Ҷараёни музокирот бо нафарони аслии муттаҳам ба куштори сардори Раёсати амнияти дохилии Бадахшон Абдулло Назаров, яъне Толиб Аёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов, тибқи баъзе хабарҳо, ҳамон замоне қатъ шуд, ки хабари кушта шудани чаҳорумин муттаҳам дар беназмиҳои Хоруғ – Имомназар Имомназаров ба даст расид. Зимнан, феълан маълум нест, ки ду гумонбари дигари ин ҳодисаҳо дар куҷо ҳастанд. Ҳеҷ мақоми давлатӣ омода нест, тафсилоти марбут ба ҳодисаҳои Хоруғро шарҳ диҳад.