СММ таъйид кард, ки Бан Ки Мун-Дабири Кулли ин созмон ҳафтаи оянда дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои ғайримуттааҳид дар Теҳрон ширкат хоҳад кард.
СММ мегӯяд, Бан Ки Мун “бо истифода аз ин фурсат дар бораи нигарониҳо ва интизориҳои маҳофили байналшмиллалӣ” аз барномаҳои ҳастаии Эрон, терроризм, ҳуқуқи башар ва бӯҳрони Сурия сӯҳбат хоҳад кард. Дабири Кулли СММ аз 29 то 31 август дар Теҳрон хоҳад буд.
Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил аз Бан Ки Мун хост, ки аз ширкат дар ин мулоқот даст кашад. Амрико низ хостори он аст, ки раҳбари СММ ин мулоқотро байкот кунад.