Саддом Ҳусейн худро таҳдиде ба амнияти Амрико намедонад ва ба ин кишвар зарбае заданӣ ҳам нест. Баръакс, ӯ Иёлоти Муттаҳидаро дӯст медорад ва мехоҳад, дар ягон донишгоҳи амрикоӣ таҳсил кунад. Аммо сафорати Амрико барояш раводиди сафар ё виза намедиҳад.
Сухан на аз раҳбари пешини Ироқ, балки ҷавони 16-солаи тоҷик аст, ки мегӯяд, номаш сабаб шудааст, то ба ӯ раводиди сафари Амрикоро надиҳанд. Ӯ медонад, ки ҳамноми Саддом Ҳусейн, раҳбари собиқи Ироқ аст, ки бо вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба ин кишвар барканор ва барои ҷиноятҳои зидди мардуми худ аз тарафи додгоҳи ироқӣ маҳкум ба қатл шуд.
Саддом дар сӯҳбат ба гуфт: “Мо як гурӯҳ ҷавонон аз литсейи тоҷикӣ-туркӣ барои дарёфти раводид ба консули Амрико муроҷиат кардем. Вале чун мо онҳоро бовар кунонида натавонистем, аз гирифтани раводид махрум шудем. Баъд аз чанд вақт мо ҳамаи хуҷҷатҳои лозимиро ҷамъ карда, бори дувум ба консули Амрико барои дарёфти раводид муроҷиат кардем. Дигар ҳамсабақонам ҳама ба ҷуз аз ман раводид гирифтанд, номам сабаб шуд, ки ин дафъа ҳам муваффақ нашавам.”
Саддом мегӯяд, агар дар оянда хам ному насабаш монеи сафари ӯ ба Амрико шавад, мумкин номеро, ки падараш ба ӯ гузоштааст, иваз кунад. Аммо падараш Ҳусейн Буйдоқов дар сӯҳбат бо мо гуфт, ӯ мухолифи иваз кардани номи писараш аст. Аз ҷаноби Ҳусейн пурсидем, чаро ин гуна исмро барои писараш интихоб кардааст.
Ӯ дар посух чунин гуфт: “Дар даврони донишҷӯии ман Саддом Хусейн як шахсияти маъруф буд. Халқ дар бораи ӯ ҳар гуна ривоятҳо нақл мекарданд. Пеш аз ба дунё омадани Саддом мо ҳамрохи рафиқонам дар як тарабхона нишаста будем. Сӯҳбат дар бораи исми фарзанд рафт ва чун номи ман Ҳусейн аст, гуфтам агар соҳиби писар шавам, ӯро Саддом ном хоҳам кард. Баъд аз се рӯз фарзанддор шудам. Ҳамин тавр, аз қавли додаам боз нагашта номи писарамро Саддом гузоштам. Ҳоло бо шӯхӣ ба ӯ мегӯям, ки дидӣ, як кишвари абарқудрати дунё аз исми ту метарсад."
Ҳусейн Буйдоқов, падари Саддом Ҳусейн ҳам бовар дорад, ки сабаби аслии рад шудани аризаи писари ӯ барои дарёфти раводиди Амрико, исми ӯст. Вале ба ин ҳам нигоҳ накарда, номи писарашро тағйир нахоҳад дод.
Намояндаи консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар посух ба пурсишҳои барномаи “Ояндасоз”-и Радиои Озодӣ гуфт, сабаби рад шудани аризаи раводидро танҳо ба аризадиҳанда шарҳ дода метавонанд ва дар ин бора ба воситаҳои ахбори ом иттилоъ дода намешавад.
Саддом Ҳусейни тоҷик нақша дорад, бори дигар барои раводиди сафари Амрико ба сафорати ин кишвар дар Душанбе муроҷиат кунад. Вай мегӯяд, падару модарон набояд ба фарзандон номҳое гузоранд, ки дар оянда сабаб мушкилоти гуногун шаванд. Дар Тоҷикистон солҳои гуногун мавҷи таблиғоти сиёсӣ номҳои зиёдеро мавриди таваҷҷӯҳи волидон кардааст. Дар солҳои 1920-ум номҳои Трактор, Коммуна, дертар исмҳое монанди МЭЛС, яъне аз сари ҳарфи номҳои Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин ва монанди инҳо пайдо шудаанд. Дар охири солҳои 1990-ум номҳои эрониасл ва ҳоло исмҳои арабӣ бартарӣ пайдо кардаанд. Дар ҳамин давраҳо буд, ки номи Саддом дар расонаҳои Шӯравӣ бисёр садо медод ва ахиран соле пеш ҷавоне дар форумҳои интернетӣ навишт, ки номи писарашро Усома хоҳад монд, чун ба Усома бин Лодин таваҷҷӯҳи хос дорад.
Эзоҳ: Номи ин писарбачаи тоҷик дар шиносномааш ба шакли русии "Садам" навишта шудааст.