Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи гурӯҳи 12-нафараи мусаллаҳ дар Шӯрообод


Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон як гурӯҳи мусаллаҳеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки аз минтақаи Сари Ғори ноҳияи Шӯробод вориди марзи Тоҷикистон шудаанд. Як манбаи "Озодӣ" дар марзбонии ин минтақа гуфт, вуруди қочоқчиён ба Тоҷикистон ҳодисаи нав нест, аммо гурӯҳи мазкур аз 12 нафар иборат аст. Ба қавли ӯ, теъдоди онҳоро аз рӯи нақши пойафзолашон рӯи замини хокрез муайян кардаанд. Вай афзуд, ҳоло маълум нест, ки онҳо ҷониби шаҳри Кӯлоб пеш гирифтаанд, ё Бадахшон ва қочоқбаранд ва ё узви гурӯҳҳои тундрав. Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, убуру мурури қочоқбарон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Рӯзи 9-уми августи соли равон Баҳриддин Сангмаҳмадов, хабарнигори ҳафтаномаи маҳаллии «Пажвок» - ро қочоқчиён аз ноҳияи Шӯробод бо худ бурда буданд. Ӯро рӯзи 11-уми август кормандони милисаи ноҳияи Фархор озод карданд. Шӯробод пурчолиштарин қитъаи марзии Тоҷикистону Афғонистон аст, ки ҳар сол шоҳиди даргириҳо миёни қочоқбарон ва нерӯҳои ҳукуматӣ мешавад. То ба ҳол аз ин маҳал пинҳонгоҳҳое кашф мешаванд, ки ҳомили то 100 кило маводи мухаддири навъи гуногун мебошанд.
XS
SM
MD
LG