Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафт


Дар Тоҷикистон дар муддати бештар аз ду ҳафта қимати гази моеъ ду баробар афзудааст, ки метавонад қимати молу маҳсулоти дигарро боло барад. Айни замон ҳар литр гази моеъ дар Тоҷикистон бо арзиши 2 сомониву 80 дирам ва ё 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. То ду ҳафтаи пеш қимати гази моеъ дар Душанбе ҳадди аксар то дувуним сомониро ташкил медод. Воридоти ками гази моеъ ва истифода аз абзорҳои маъмурӣ барои поён бурдани қимати гази моеъ дар моҳи Рамазонро сабаби боло рафтани қиматҳо медонанд. Тоҷикистон гази моеъро умдатан аз Қазоқистону Русия мехарад.
XS
SM
MD
LG