Рӯзи 24 август раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ширкатдорони бозиҳои олимпиро ба дафтари худ даъват намуда заҳматҳои онҳоро қадрдонӣ хоҳад кард. Дар ин бора Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҳизб ба «Озодӣ» хабар дод.
Ӯ гуфт, раҳбарияти ҲНИТ ба ҳамаи варзишгарон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, тибқи ваъда, калиди манзили дуҳуҷраиро ба Мавзуна Чориева, ки бо медали биринҷии Олимпиадаи Лондон ба ватан баргаштааст, тӯҳфа мекунад:
- Мо онҳоро қадрдонӣ накарда наметавонем. Ба ҳар кадоми варзишгарон тӯҳфаҳои махсус таҳия намудем. Ҷомеаи Тоҷикистон аз бозиҳои Расул Боқиев интизориҳои зиёд дошт, вале новобаста ба он чизе, ки дар нисбати ӯ сурат гирифт, тасмим гирифтем, ки ин варзишгарро ба тарзи хос қадрдонӣ намоем. Барои ӯ тӯҳфаи вижа, сабукрави «Тойота Камри» ҳадя мешавад. Албатта, дар ин тасмим дар маҷмӯъ заҳматҳои хонаводаи Боқиевҳо дар назар гирифта шудааст. Умед аст, ки ин гуна корҳо дар ангеза ва афкори ҷавонон таъсир мегузорад ва мо метавонем ҷавонони дигарро барои ширкат дар чунин чорабиниҳои варзишӣ ташвиқ кунем, то ин ки дар арсаи ҷаҳонӣ парчами кишварро боло бубардоранд.
Ҳафтаи гузшта шаҳрдории Душанбе ба Мавзуна Чориева манзили сеҳуҷрагӣ тақдим кард.
Калиди манзилро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар як маросими ботантана, ки шоми 16-уми август дар “Боғи Пойтахт” баргузор шуд, супурд. Ин манзил дар бинои бисёрошёна, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.
Шаҳрдории Кӯлоб низ барои зодаи ин шаҳр Мавзуна Чориева як манзили панҷҳуҷрагӣ ваъда кардааст, ки калиди он ба Мавзуна дар маросими ботантана рӯзҳои наздик супурда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Мавзуна Чориева барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ва “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ваъда кардаанд.