Додгоҳи Чин Гу Кайлай, ҳамсари собиқ раҳбари ҳизби коммунисти ин кишварро бо куштори соҳибкори британиявӣ муттаҳам намуда, ба эъдоми шартӣ маҳкум кард.
Гу-ҳамсари Бо Ксалай, яке аз пешвоёни собиқи ҳизби коммунист аст, ки мебоист дар охири соли равон ба яке аз мансабҳои ҳалкунандаи ин кишвар пешбарӣ мешуд.
Рӯзи нуҳуми август Гу Кайлай иқрор намуд, ки коршарики британиявиаш Нейл Ҳейвудро дар моҳи ноябри гузашта заҳролуд кардааст. Рӯзи душанбе додгоҳи шаҳри шарқии Ҳефей Гу Кайлайро ба эъдоми шартӣ маҳкум кард. Дар Чин одатан эъдоми шартӣ баъди муддате бо ҳабси абад иваз мешавад. Як ходими оилавии Гу Кайлай, ки дар заҳролудкунии соҳибкори британиявӣ ширкат доштааст, ба 9 соли ҳабс маҳкум шуд.
Дар муҳокима ду дипломати британиявӣ ширкат доштанд. Сафорати Британия дар Пекин аз ҳукми додгоҳ қаноатмандӣ изҳор намудааст, зеро ба қавли сафорат “куштори Нейл Ҳейвуд таҳқиқ шудаву афроди масъул ба ҷавобгарӣ кашида шуданд”.
Даҳуми август дар як муҳокимаи дигар чор афсари баландрутбаи полис муҷозот шуданд. Онҳо эътироф карданд, ки дар ибтидо куштори Ҳейвудро ҳамчун марг аз сактаи қалб сабт карда буданд.