Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтироъкорони тоҷик: Кашфиёт ҳасту харидор нест...


Ҳарчанд аз соли 2000-ум ба ин сӯ дар бахши ихтироъҳои илмӣ ва техникии Тоҷикистон пешравиҳое ба мушоҳида расидааст, аммо аксари ин кашфиёт дар рӯйи қоғаз монда, мавриди истифода қарор нагирифтаанд.

Саидмурод Исмоилов, донишҷӯйи соли 5-уми Донишгоҳи техникӣ, низ 3 сол пеш барои истеҳсоли биосӯзишворӣ аз партоб, аз маркази иттилоотӣ ва патентии кишвар иҷозатнома гирифтааст. Ба гуфтаи Саидмурод, дар ҳоле ки захираҳои нафту газ дар ҷаҳон кам мешаваду нархи сӯзишворӣ боло меравад, истифода аз роҳҳои алтернативӣ муҳим аст. Ин ҷавони ихтироъкор иддао дорад, ки дар сурати дар саноат истифода шудани биосӯзишворӣ аз партоб, Тоҷикистон дигар ба камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ нахоҳад шуд. Аммо бо гузашти 3 сол ба гуфтаи Саидмурод касе ва ё корхонае нахостааст, аз кашфиёти ӯ истифода кунад.

"Ин сӯзишвориро мешавад дар бархе аз тамғаи мошинҳо ва дар дигар мошинҳо мешавад дар омехтагӣ бо бензини оддӣ истифода бурд. Лоиҳа ҳам таҳия кардем, пешниҳод ҳам кардем, вале дастгирӣ наёфтем. Албатта, роҳҳои ҳосил кардани биосӯзишворӣ зиёд аст, аммо биосӯзишвории мо аз партобҳои дастрас, партоби канализатсионӣ ҳосил мешавад ва самаранокиаш хеле баланд аст. Масалан, ҳамасола барои нест кардани партобҳо ҳукумат миллионҳо сарф мекунад. Аммо агар истеҳсоли биосӯзишворӣ роҳандозӣ шавад, маблағ сарфа мешавад ва ҳам он партоб ба давлат манфиат меорад",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Орзуи ҳар як ихтироъкор ин аст, ки кашфиёти худро дар амал бинад, аммо Қурбонхон Кабудов, номзади илмҳои техникӣ ва корманди маркази иттилоотӣ ва патентӣ, мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ягон ихтироъ дар амал татбиқ намешавад, зеро корхонаи истеҳсолӣ нест ва имкони роҳандозии истеҳсолот низ вуҷуд надоранд.

Ин мушкил ба қавли Кабудов ба оташи шавқу завқи ҷавонони ихтироъкор оби сард мерезад ва онҳоро ноумед мекунад: "Вақте одам натиҷаи корашро намебинад, зеҳнаш кунд мешавад. Масалан, як ихтироъ мекунӣ, ду ихтироъ мекунӣ, мебини, ки ҷое истифода намешаваду рӯйи қоғаз хоб аст, завқ паст мешавад. Аслан вақте ихтироот дар амал истифода бурда намешавад, патент кардану ихтироъ кардан ҳеҷ маъние надорад."

Хурсанд Ёров
Хурсанд Ёров
Аммо Хурсанд Ёров, як донишманди ҷавони тоҷик, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз фирори мағзҳо ва ба хориҷа рафтани ин ихтироъкорони ҷавон якҷоя бо идеяҳои худ масъулони кишвар бояд кори мушаххасе кунанд. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон чунин имконро ҳам дорад: "Ин наметавонад баҳона бошад, ки давлати мо хурд асту мо имкони ба роҳ мондани истеҳсолотро надорем. Бигзор, созмонҳои хориҷӣ ва соҳибкорон, ки шуморашон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, ба ин ҷалб карда шаванд. Ҳоло дар мо аксарият фикр мекунанд, тиҷорат ё харидуфурӯш ягона роҳи даромади маблағ аст, аммо не, илму ихтироот ҳам метавонад манбаи хуби даромад бошад, ҳарчанд натиҷаи он каме дертар ба даст меояд. Давлатҳои аз мо хурдро бинед, масалан, Тайиланд, маҳсулоти корхонаҳои саноатии онро ҳатто мо истифода мекунем. Мо ин қадар вазорату корхонаи зиёду беманфиат дорем, бигзор ихтисор шаванд ва як корхонае бунёд шавад, ки бо ихтироъкорон кор барад ва кори онҳоро ба соҳибкорон пешниҳод созад."

Ҳоло бештари ихтироъкориҳо дар соҳаи тиб ва технология ба мушоҳида мерасад, аммо дар бахшҳои физика ва техника кашфиёт чандон чашмрас набудааст. Қурбонҷон Кабудов мегӯяд, танҳо дар сурати фаъол шудани корхонаҳои саноатӣ, ки дар он аз дастовардҳои илми замонавӣ кор гирифта шавад, талабот ба олимони ҷавон зиёд хоҳад шуд. Вале ҳоло, ки чунин шароит нест, ба андешаи Кабудов дар бораи кашфиёту ихтироъкорӣ сӯҳбат кардан тақрибан бемаъност.

Навори зер аз бойгонии Озодист.

Ихтироъкори ҷавон ва аммо бе пуштибони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
XS
SM
MD
LG