Давлати Чин гуфт, омодаи ҳамкорӣ бо Ахзар Иброҳимист, ки ӯро фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Сурия таъйин карданд. Вазорати умури хориҷии Чин дар як баёнияи расмӣ гуфт, ин кишвар омода аст, барои ҳаллли муноқишаи хунини 17 моҳа миёни ҳукумати Башшор Асад ва мухолифони ӯ, аз роҳи “миёнҷигарии сиёсӣ” бо Ахзар Иброҳимӣ “ҳамкории мусбат” кунад. Ин дипломати собиқадори алҷазоирӣ баъди ду ҳафтаи истеъфои Кофӣ Анон ба мақоми фиристодаи Созмони Милал барои Сурия таъйин шуд. Кофӣ Анон бинобар бесамар будани созиши оташбаси чаҳормоҳа миёни тарафҳои муноқиша дар Сурия истеъфо дод. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш омода аст, барои “расидан ба сулҳи пойдор” дар Сурия ба Ахзар Иброҳимӣ кӯмак кунад ва ҷомеаи байналмилал азм дорад, ҳар касеро, ки дар он кишвар ҷиноят кардааст, ба ҷазо бикашад.